Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрдӯғон ҳамла дар Анкараро маҳкум кард


Раҷаб Тайиб Эрдӯғон, раиси ҷумҳури Туркия, бомбгузории хунин дар шаҳри Анкара пойтахти кишварро “шарир” хонд. Дар ин бомбгузориҳо дар истгоҳи аслии роҳи оҳан дар рӯзи 10-уми октябр камаш 30 нафар кушта шуданд ва 126 тани дигар захм бардоштанд. Табибон мегӯянд, мумкин аст, шумораи қурбониён зиёдтар шавад, чунки вазъи маҷрӯҳон бисёр бад аст. Ҳукумати Туркия, бомбгузориҳоро “ҳамлаҳои террористӣ” номид ва гуфт, ки шояд бомбгузорони маргталаб ин корро карда бошанд. Раҷаб Тайиб Эрдӯғон бо нашри баёнияе гуфт, “Ман ин ҳамлаи шарирона ба ваҳдат ва сулҳи кишварамонро” қотеъона маҳкум мекунам.” Ҳамла дар маҳалле сурат гирифт, ки мардум барои ширкат дар “раҳпаймоии сулҳ” ҷамъ мешуданд, ки ҳадаф аз он водор кардани ҳукумат ба хатми муноқиша бо ошӯбгарони курд дар ҷанубуғарби кишвар буд.

XS
SM
MD
LG