Шабакаи телевизионии Майодин, ки аз Лубнон барнома пахш мекунад, 9 октябр хабар дод, ки генерал Ҳусейн Ҳамадонӣ аз Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон шоми 7 октябр дар наздикии шаҳри Ҳалаб кушта шудааст. Вай мушовири низомии артиши Сурия будааст.
Сипоҳи посдорони Эрон 9 октябр бо пахши як изҳорот таъйид кард, ки генерал Ҳамадонӣ дар қисмати шимолии минтақаи Ҳалаб кушта шудааст.
Шароит ва сабаби дақиқи куштори вай рӯшан нашудааст.Теҳрон ҳомии сарсахти Башор Асад-раиси ҷумҳури Сурия аст ва мушовирон аз Сипоҳи посдорон барои мубориза бо шӯришиёни зидди режими Башор Асад ёрӣ мерасонанд.