Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тирандози Орегон худкушӣ кардааст


Таҳқиқот нишон дод, силоҳбадасти 26-солае, ки рӯзи ҷумъаи 2 октябр 9 нафарро дар як коллеҷ дар шаҳри Роузбурги аёлати Орегони Амрико кушт, баъд аз даргирӣ бо пулис худкушӣ кардааст. Тафтишот қаблан мегуфт, ки Кристофер Ҳарпер-Мерсер шояд аз тири нирӯҳои пулис кушта шуда бошад. Аммо шерифи минтақаи Дуглас Ҷон Ҳанлин рӯзи 3 октябр гуфт, ташхиси тиббӣ нишон дод, ки ин тирандоз худ риштаи умрашро буридааст. Мақомот мегӯянд, қурбонёни ин ҳамла аз 18 то 67 сол доштанд.

XS
SM
MD
LG