Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёнияи САҲА дар робита ба ҲНИТ


Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз саркӯби мухолифини мӯътадили мазҳабӣ дар Тоҷикистон ва поймол шудани ҳуқуқи инсон дар ин кишвари пасошӯравӣ изҳори нигаронӣ кардааст. САҲА дар баёнияаш аз 2 октябр бо изҳори ташвиш аз ҳабсу боздошти 13 узви ҳизби наҳзати исломӣ аз аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, то замонат бидиҳад, ки мубориааш алайҳи “терроризм” ва “ифротгароӣ” дар чорчӯби қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар анҷом хоҳад шуд.” Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 29 сентябр ҲНИТро расман созмони террористӣ эълон ва фаъолияташро манъ кард. Дар пайи анҷоми амалиёти зидди гурӯҳи мусаллаҳи генерал Абдуҳалим Назарзода, 13 узви аршади ҳизби наҳзат боздошт шуд ва додситонӣ гуфт, генерал Назарзода бо дастури раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ амал мекард ва аз соли 2010 ба ошӯби мусаллаҳона омодагӣ мегирифт. Кабирӣ ва аъзои боздоштшудаи ҲНИТ инро рад мекунанд.

XS
SM
MD
LG