Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба фаъолони қазоқ ин бор ҳам иҷозаи гирдиҳамоӣ надоданд


Ба гуруҳи фаъолони шаҳрвандӣ, ки эътилофи «Муқобили тарофаҳои баланд!»-ро созмон додаанд, ҳокими Уралск бори дигар иҷоза надод, ки алайҳи болоравии арзиши хизматрасониҳои коммуналӣ эътироз кунанд.

Дар мактуби расмӣ зикр шудааст, ки дар рӯзи дархостии фаъолон дар шаҳр чорабинии варзишӣ барпо мешавад.

Ин бори дувум аст, ки мақомот барои баргузор кардани намоиши сулҳомези эътирозӣ ба гуруҳи эътилофӣ ҷавоби рад медиҳанд. Фаъолон ният доранд бори севум ариза пешниҳод намоянд.

Гуруҳе аз сокинони маҳаллӣ иборат аз ҳуқуқшиносон, соҳибкорон, рӯзноманигорон ва нафақахӯрон эътилофи «Муқобили тарофаҳои баланд!»-ро дар 27 август баъд аз он ки ширкати маҳаллии «Батис Энергоресурс» якбора қимити неруи барқро 26 фоиз боло бурд, таъсис доданд.

XS
SM
MD
LG