Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумии СММ


Бан Ки Мун
Бан Ки Мун

Дабири кулли СММ Бан Ки Мун рӯзи 28 сентябр иҷлосияи 70-уми Маҷмаи умумиро бо даъват ба хатми низои Сурия оғоз бахшид. Бан Ки Мун дар паёмаш бори аввал хостори ба додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ кашондани парвандаи ҷанги Сурия шуд. Ӯ гуфт, низои Сурия аз сӯи қудратҳову рақибҳои минтақавӣ идора мешавад ва калиди ҳалли сиёсии ин ҷанг дар дасти Русия, Амрико, Арабистони Саудӣ, Туркия ва Эрон аст. Низои Сурия бо беш аз 200 000 қурбонӣ ва миллионҳо беҷошудааш як мавзӯи асосии Маҷмаи умумист ва ин дар ҳолест ки раҳбарони ҷаҳон роҳҳои хатми ин низоъро меҷӯянд. Баъди Бан Ки Мун, қарор аст, раҳбарони Амрикову Русияву Эрон Барак Обама, Владимир Путин ва Ҳасан Рӯҳонӣ дар Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кунанд.

XS
SM
MD
LG