Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин ҳамлаи тундравҳои Давлати Исломӣ дар Афғонистон


Мақомоти Афғонистон мегӯянд, ки тундравҳои Давлати Исломӣ дар вилояти Нангарҳор ба посгоҳҳо ҳамла кардаанд. Ин нахустин ҳамлаи тундравҳои Давлати Исломӣ дар Афғонистон ба нируҳои амниятии ҳукумат мебошад.

Аҳмад Зиё Абдулзай-сухангӯи вилоят ба хабаргузории Ассошиейтед Пресс гуфтааст, ки ин ҳамлаҳо 27 сентябр анҷом гирифтааст ва дар он се корманди пулис кушта, 8 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ба гуфтаи Абдулзай, тундравҳо дар се вулусволии ин вилоят фаъолият мекунанд ва онҳо бори аввал ба посгоҳ ҳамла бурдаанд. Субҳи 27 сентябр баъд аз ин куштор ҳамлаи ҳавоӣ ба тундравҳо оғоз шудааст ва дар ҳамлаи ҳавоӣ 60 тундрав кушта шудаанд.

Ҳоҷӣ Ғолиб-вулусволи Очин гуфтааст, ки тундравҳо ҳамзамон ба 10 посгоҳ ҳамла кардаанд ва он аввалин ҳамлаи ҳамоҳангшудаи онҳоба посгоҳҳои пулис дар вилояти Нангарҳор будааст.

XS
SM
MD
LG