Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавии аъзои як хонадон дар Хамадонӣ


Аъзо як хонавода дар ноҳияи Ҳамадонӣ аз салатҳои худсохт заҳролуд шуда, дар бемористон бистарӣ шудааст.

Ҷӯрахон Алиқулов, сартабиби бемористони ноҳияи Ҳамадонӣ, рӯзи чоршанбеи 23 сентябр дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ хабари заҳролуд шудани панҷ узви хонадони Наргис Бароталиева, сокини ҷамоати деҳоти Қаҳрамони ноҳияи Ҳамадонро тасдиқ кард ва гуфт, заҳролудшавии онҳо аз консерваҳои худсохт ба қайд гирифта шуд. Ба гуфтаи ҷаноби Алиқулов онҳо дар ҳоле муроҷеъ шудаанд, ки ду нафари онҳо дар ҳолати вазнин қарор доштаанд. Ӯ мегӯяд, ки ҳоло хатари марг аз ин ду нафар рафъ шуда ва ҳолаташон беҳбуд ёфтааст.

«Панҷ рӯз пеш онҳо дар хона шакароб карда, аз бонкаҳое, ки худ маҳкам мекунанд, истифода карда заҳролуд шудаанд. Аз ҳама бештар ду кӯдаки 12 ва 11 солаи онҳо осеб дидаанд. Пас аз муолиҷа ин ду нафар аз шуъбаи эҳёгарӣ берун оварда шуданд»,--гуфт мусоҳиби мо.

Ин барои аввалин бор нест, ки дар ноҳияи Ҳамадонӣ сокинон аз ҳодисаи заҳролудшавӣ азият мекашанд. Як соле қабл, дар як хонадон ба далели заҳролудшавӣ аз салатҳои худсохт ду нафар фавт карда буд.

XS
SM
MD
LG