Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти сарони ҳукуматҳои ИДМ дар Душанбе


Душанбе, пойтахти Тоҷикистон охири моҳи октябри соли ҷорӣ мизбони нишасти сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил хоҳад буд. Масъулони вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи чоршанбеи 23 сентябр, зимни тасдиқи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба таърихи 29-30 октябри соли 2015 дар шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон баргузор мешавад”. Ба гуфтаи ин масъулон “вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ ба манзури пӯшиши иттилоотии ин нишаст аз рӯзи гузаштаи 22 сентябр сабти номи хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷиро оғоз кардааст”. Бад ин тартиб сабти ном ё бақайдгирии намояндагони ВАО дар Департаменти иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон то 20 октябри соли 2015 ҷараён мегирад.

Зимнан, Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон рӯзи 29 май зимни ширкат ва суханронӣ дар нишасти навбатии сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Остона, пойтахти Қазоқистон, эълон карда буд, ки "нишасти ояндаи сарони ҳукуматҳои ИДМ ба таърихи 30 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе сурат мегирад". Ҷаноби Расулзода, изҳори умедворӣ карда буд, ки нишасти Душанбе дар сатҳи баланд ва омодагии комил баргузор хоҳад шуд.

Густариши ҳамкориҳои миёни кишварҳои узви ИДМ аз масоили матрӯҳа дар нишасти сарони ҳукуматҳои ин созмон унвон мешавад. Ба ин тартиб, қарор аст, дар нишасти навбатии сарони ҳукуматҳои ИДМ дар шаҳри Душанбе, сарвазирони Русия, Белорус, Молдово, Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Узбакистон ва Тоҷикистон ширкат кунанд. Зимнан, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар пайи пошхӯрии Иттиҳоди шуравии пешин дар охири соли 1991 аз ҷумлаи кишварҳои собиқи ин иттиҳод ташкил шуд. Тоҷикистон аз соли 1992 бад ин сӯ узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аст.

XS
SM
MD
LG