Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамкориҳои СММ бо Узбакистон тавсеа меёбад


Барномаҳои ҳамкории СММ бо Узбакистон (ЮНДАФ) дар назар гирифтааст, ки барои солҳои 2016-2020 ба хотири рушди ин кишвар 144,94 миллион доллар кӯмак кунад.

86,25 миллиони онро ниҳодҳои худи СММ ва 58,69 миллонро кишварҳои кӯмакрасон пардохт мекунанд. Ин пулҳоро барои рушди иқтисод, эҷоди ҷойҳои корӣ, ҳифзи муҳити зист сарф хоҳанд кард.

Галина Саидова-вазири иқтисоди Узбакистон дар маросими муаррифии ин барнома дар Тошканд гуфт, ки ҳадафҳои барномаи ЮНДАФ бо вазоратҳову муассисаҳои Узбакистон ҳамоҳанг шудаанд ва бидуни омодагиҳои иловагӣ ба иҷрои ин барномаҳо оғоз кардан мумкин аст.

Ин барномаи ҳамкории СММ бо ҳукумати Узбакистон 9 июн ба имзо расида буд.

XS
SM
MD
LG