Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паноҳҷӯён аз Сербистон ба Хорватия мегузаранд


Муҳоҷирон дар роҳ ба сӯи Хорватия
Муҳоҷирон дар роҳ ба сӯи Хорватия

Муҳоҷирону паноҳҷӯёни Сурияву Ироқ ва Афғонистон мехоҳанд аз қаламрави Сербистон вориди Ғарби Аврупо шаванд, зеро Маҷористон марзҳои худро бар рӯи онҳо бастааст.

Матбуоти Сербистон гуфт, ки муҳоҷирон 16 сентябр аз марзи Сербистон бо Македония бо автобус ба шаҳраки Сид дар ғарби Хорватия омадаанд.

Як наворбардори хабаргузории Ройтерз дидааст, ки тақрибан 100 муҳоҷир заминҳои киштро миёнабур карда ба Хорватия, яъне ба кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо даромадаанд. Пулиси Хорватия онҳоро муҳосира кард ва ба ҷои дигар бурд, то онҳоро сабти ном кунад.

15 сентбяр Маҷористон марзҳояшро бо Сербистон бо панҷараҳо ва симхор баст ва муҳоҷиронеро боздошт мекард, ки талош доштанд аз марз бигзаранд ва ба Иттиҳодияи Аврупо роҳ ёбанд.

Аз оғози соли 2015 бештар аз 500 ҳазор муҳоҷир аз Сурияву Ироқ ва Афғонистон ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо омадаанд. Онҳо асосан аз ҷангҳо мегурезанд.

XS
SM
MD
LG