Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Русия интихоботи маҳаллӣ идома дорад


Дар Русия интихобот ба шӯроҳои маҳаллии идорӣ идома дорад. Интизор меравад, ки дар ин интихобот номзадҳои ҷонибдори Кохи Кремл бартарӣ пайдо кунанд.

Дар маҷмуъ дар ин интихобот 59 миллион нафар аҳолии қобили рай, яъне тақрибан нисфи аҳолӣ дар райдиҳӣ ширкат меҷӯянд. Онҳо барои 90 ҳазор курсӣ дар 1 300 шӯрои маҳаллӣ, аз ҷамла барои 21 шӯрои вилоятӣ ва садҳо шӯрои шаҳрӣ рай медиҳанд.

Мақомоти интихоботӣ номзадҳои мухолифонро аз ширкат дар интихобот дар Калугаву Магадан ва Новосибирск ба далелҳои фаннӣ маҳрум карданд.

XS
SM
MD
LG