Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти мансабдорони тоҷику қирғиз дар Берлин


Азим Иброҳим
Азим Иброҳим

Муовинони сарвазирҳои Тоҷикистону Қирғизистон Азим Иброҳим ва Абдураҳмон Маматалиев дар як мулоқот дар ҳошияи анҷумани “Об ва муносибатҳои ҳамсоягӣ дар Осиёи Марказӣ” дар шаҳри Берлин масоили равобити дуҷонибаро баррасӣ кардаанд. Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон рӯзи 9 сентябр хабар дод, ки “ҷонибҳо бо изҳори омодагӣ ба рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ таъкид карданд, ки гардиши молу коло байни ду кишвар дар нимаи аввали соли 2015 афзудааст.” Дар ин дидор масоили марзӣ, аз ҷумла дар пасманзари ба Иттиҳоди иқтисодии АвроОсиё пайвастани Қирғизистон низ баҳс шудааст. Азим Иброҳим ва Абдураҳмон Маматалиев ҳамчунин тавофуқ кардаанд, ки таърихи рӯзи баргузории иҷлоси навабатии кумиссиюни байнидавлатии Қирғизистону Тоҷикистонро аз тариқи каналҳои дипломатӣ мушаххас кунанд.

XS
SM
MD
LG