Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони Узбакистон як қирғизро захмӣ карданд


Дафтари матбуоти Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон хабар додааст, ки марзбонони Узбакистон як шаҳрванди Қирғизистонро барои ғайриқонунӣ гузаштан аз марзи миёни ду кишвар ба сӯи як шаҳрванди Қирғизистон тир андохтаанд ва вайро захмӣ кардаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, ин ҳодиса дар Гулистони ноҳияи Янгӣ Қурғон рух додааст.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ки ин шаҳрванди Қирғизистон дур аз гузаргоҳи расмӣ аз марз гузаштааст ва 250-300 метр ба қаламрави Узбакистон даромадааст. Вайро марзбонони Узбакистон дидаанд ва ба сӯяш тир холӣ кардаанд.

Бино ба гуфтаи ин манбаъ, шаҳрванди Қирғизистон аз рони пояш тир хӯрдааст ва ба яке аз бемористонҳои Узбакистон интиқол дода шудааст.

Баъд аз ин ҳодиса байни марзбонони ду кишвар гуфтугӯи телефонӣ сурат гирифтааст. Ҷониби Узбакистон вазъи шаҳрванди Қирғизистонро каноатбахш арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, ки вайро ба ҷониби Қирғизистон хоҳанд супурд.

XS
SM
MD
LG