Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии ИМА аз тақвияти ҳузури Русия дар Сурия


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи ИМА, дар сӯҳбат бо ҳамтои русаш Сергей Лавров гуфт, ки хабари тақвияти ҳузури низомии Русия дар Сурия Вошингтонро нигарон кардааст. Бино ба иттилои вазорати умури хориҷии Амрико, сӯҳбати телефонӣ рӯзи 6 сентябр бо ибтикори Ҷон Керрӣ баргузор шуд.

Бино ба иттилои расонаҳои амрикоӣ, Русия ахиран ба миқдори зиёд техникаи низомӣ ва гурӯҳи бузурги мушовирони ҳарбиро ба Димишқ фиристодааст.

Ҷон Керрӣ дар сӯҳбат бо Лавров гуфт, ки афзоиши техникаи низомӣ дар минтақа низоъро амиқтар мекунад ва боиси ҳалокати теъдоди зиёди мардуму афзоиши паноҳандагон шуда, шояд зиддияти Русия бо Эътилофи байнулмилалӣ алайҳи гурӯҳи “Давлати исломӣ”-ро ҳам ба думбол дошта бошад.

Рӯзи ҷумъа нашрияи New York Times бо такя ба манбаъҳояш хабар дод, ки Русия гурӯҳи бузурги мушовирони низомӣ ва маркази диспетчерии нерӯҳои ҳарбӣ-ҳавоияшро дар як фурудгоҳи низомии Сурия мустақар намуд. Мусоҳибони New York Times ҳадс заданд, ки Маскав ба хотири густариши интиқоли силоҳ ба режими Башор Асад ваё зарбаҳои ҳавоӣ ба гурӯҳҳои мухолифи ҳукумати Димишқ дар Сурия пойгоҳи ҳарбӣ-ҳавоӣ ташкил карданист.

XS
SM
MD
LG