Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ал-Ҷубайр: Риёз аз замонати ИМА қонеъ аст


Мулоқоти Барак Обама ва молик Салмон дар Кохи Сафед
Мулоқоти Барак Обама ва молик Салмон дар Кохи Сафед

Мақомоти Арабистони Саъудӣ аз замонатҳои Вошингтон дар робита ба созиши ҳастаии гурӯҳи “Панҷ ба изофаи як” ва Эрон қаноатманданд. Дар ин бора Одил Ал-Ҷубайр, вазири умури хориҷии Арабистони Саъудӣ баъд аз музокироти молик Салмон ва раисиҷумҳури ИМА Барак Обама дар Вошингтон рӯзи ҷумъа хабар дод.

Ба гуфтаи вазир, Обама шоҳи Арабистони Саъудиро мӯътақид кард, ки шартҳои созиши ҳастаӣ ба Эрон иҷозаи дастрасӣ ба силоҳи ҳастаиро намедиҳад ва муассисаҳои ҳастаии Эрон пайваста тафтиш хоҳанд шуд. Муҳимтар аз ҳама, дар сурати аз сӯи Теҳрон иҷро нашудани шартҳои созиши ҳастаӣ Эрон дубора мавриди таҳримҳои байнулмилалӣ қарор мегирад, гуфтааст Барак Обама.

Ал-Ҷубайр афзуд, ки Риёз дар маҷмӯъ аз созиши ҳастаӣ бо Эрон истиқбол мекунад.

Аз ин пеш Барак Обама ба пуштибонии Сенат дар мавриди созмши ҳастаӣ муваффақ шуда буд.

Молик Салмон барои нахустин баъд дар тахти салтанатӣ нишастанаш бо як сафари расмӣ вориди ИМА шудааст.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG