Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вуруди 2 ҳазор муҳоҷир аз Маҷористон ба Вена


Тақрибан ҳазор муҳоҷир пиёда сӯи Вена роҳ гирифта буданд
Тақрибан ҳазор муҳоҷир пиёда сӯи Вена роҳ гирифта буданд

Полиси Австрия мегӯяд, ки субҳи 5 сентябр беш аз 2 ҳазор паноҳандагон аз Ховари Миёна, Афғонистон ва шимоли Африқо вориди кишвар шуданд. Ҳукумати Маҷористон ба таври ғайриинтизор ин паноҳандагонро бо автобусҳо таъмин кард. Қарор аст, ки садҳо муҳоҷири дигар ҳам ба зудӣ ба Австрия бирасанд – Вена ба мақомоти Олмон иҷоза додааст, ки онҳо бмдуни мушкил аз марз убур кунанд.

Мақомоти Маҷористон тайи чанд рӯз ба паноҳандагон иҷозаи тавассути қаторҳои роҳи оҳан ба Олмону Австрия рафтан надоданд ва далел пеш оварданд, ки бояд ҳама паноҳандагонро сабти ном мекарданд.Автобусҳо шоми 4 сентябр барои интиқоли паноҳандагон ба Австрия ба вокзали Келетии Будапешт омаданд, ки рӯзҳои ахир ба қароргоҳи муваққати ҳазорон муҳоҷирон табдил шудааст. Ҳукумати Маҷористон ҳамчунин барои беш аз ҳазор муҳоҷири асосан суриягӣ, ки рӯзи ҷумъа пиёда сӯи Вена роҳ гирифта буданд, даҳҳо автобус фиристод.

Дар ҳамин ҳол давлатҳои узви Иттиҳодияи Аврупо барои созиш дар мавриди бӯҳрони муҳоҷирон гуфтушунид мекунанд. Теъдоди муҳоҷирони ғайриқонуние, ки аз тариқи марзҳои Сербия вориди Маҷористон, кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо, шуданд, беш аз 140 ҳазор нафар ҳисоб шудааст.

XS
SM
MD
LG