Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сартоҷ Азиз ба Кобул сафар мекунад


Сартоҷ Азиз
Сартоҷ Азиз

Як раҳбари сиёсати хориҷии Покистон гуфт, қасд дорад зимни музокироти қарибулвуқӯаш бо мақомоти Афғонистон “эътимод ва боварӣ байни ду кишварро эҳё кунад.” Сартоҷ Азиз, мушовири сарвазири Покистон дар умури хориҷӣ дар мусоҳиба бо Радиои Афғонистони Озод гуфт, аз мақомоти афғон, аз ҷумла аз раисиҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ хоҳад хост, то ба лаҳни тӯҳматомезе, ки Исломободро ба силсилаи ахири ҳамлаҳои чирикиҳои Толибон ва шабакаи Ҳаққонӣ айбдор мекунанд, расидагӣ кунанд. Ӯ гуфт, ҳадафи асосиаш дар ин шароит эҳёи эътимод байни Кобулу Исломобод аст. Сартоҷ Азиз дар ҳошияи як анҷумани иқтисодии минтақавӣ дар Кобул бо мақомоти Афғонистон мулоқот хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG