Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама шоҳ Салмонро ба ҳузур мепазирад


Шоҳ Салмон ва вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ
Шоҳ Салмон ва вазири умури хориҷии ИМА Ҷон Керрӣ

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, ба шоҳи Арабистони Саъудӣ Салмон кафолатҳоеро дар робита ба созиши ҳастаии гурӯҳи “панҷ ба изофаи як” бо Эрон ироа мекунад. Ба иттилои Кохи Сафед, қарор аст, Барак Обама шоҳи Арабистони Саъудиро рӯзи 4 сентябр ба ҳузур пазирад. Ин нахустин сафари шоҳ Салмон ба ИМА баъд аз нишастан дар тахти слтанатӣ дар моҳи январи соли равон аст.

Сарвари Амрико мехоҳад нигарониҳои шоҳи Арабистони Саъудиро дар он бора бартараф кунад, ки Теҳрон сармояи баъд аз лағви таҳримҳо бадастомадаро барои ноороми бештари минтақаи Халиҷи Форс истифода нахоҳад кард.

Бен Родс, муовини мушовири раисиҷумҳури Амрико дар умури амният, гуфт, ки Кохи Сафед нигарониҳои Ар-Риёзро дарк мекунад. Аммо ИМА мутмаин аст, ки Эрон бахши аъзам аз тақрибан 100 миллиард доллари баъд аз лағви мунҷамидии ҳисобҳояш ба буҷа баргаштаро барои эҳёи иқтисоди заъифшудааш равона хоҳад кард.

Раҳбарони суннимазҳаби Халиҷи Форс Теҳронро дар доман задани оташи ҷанг дар Яман, Сурия ва Ироқ айбдор мекунанд.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG