Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатъи парвозҳо баъди сӯхтор дар Домодедово


Бар асари сӯхтор дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав парвози се ҳавопаймо, ки дар масирҳои Маскав-Душанбе, Маскав-Кӯлоб ва Душанбе-Маскав парвоз мекарданд, ба таъхир афтодааст. Бино ба иттилои фурудгоҳи Домодедово, бояд ҳавопаймои ширкати Сомон-Эйр соати 12-00 ба вақти Маскав ба самти Душанбе ва як тайёраи дигар соати 9-30 ба вақти Маскав аз пойтахти Русия ба шаҳри Кӯлоб парвоз мекард.

Сӯхтор дар фурудгоҳ ба парвози саривақтии 50 ҳавопаймо ба самтҳои гуногун халал эҷод кардааст.

Сӯхтор дар дар шӯъбаи боғоҷҳои таҳхонаи фурудгоҳи Домодедов соати 7-43 дақиқаи субҳ дар масоҳати 20 метри мукааб сар зад ва дарҳол хомӯш карда шуд. Дар пайи сӯхтор тақрибан 3 ҳазор мусофирро аз толори фурудгоҳ берун оварданд.

Домодедово яке аз се фурудгоҳи бузурги пойтахти Русия ба шумор меравад ва бино ба иттилои расмӣ, дар нимсолаи аввал ба 17,41 миллион мусофир хидмат расондааст.

XS
SM
MD
LG