Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз Покистон хост, барои аз сар гирифтани музокироти сулҳ байни ҳукумати Афғонистон ва Толибон кӯмак кунад. Масъалаи мазкур ва амнияти минтақа дар мулоқоти Сюзан Райс, мушовири амнияти миллии ҳукумати Амрико ва Навоз Шариф, нахуствазир ва Роҳил Шариф, фармондеҳи артиши Покистон рӯзи 30-уми август баррасӣ шудааст. Гуфта мешавад, баъди мулоқоти нахустини Толибон ва намояндагони ҳукумати Афғонистон дар рӯзи 7-уми июл Сюзан Райс саъй доштааст, ки музокирот байни тарафҳо идома кунад. Даври дуввуми гуфтӯгуҳо, ки қарор буд, рӯзи 29-уми июл, баъди эълони марги Мулло Умар лағв шуд. Толибон баъди ин хабар ҳамлаву бомбгузориҳоро дар Афғонистон бештар карданд. Айни замон Сюзан Райс гуфт, ки Барак Обама, раиси ҷумҳури Амрико аз нахуствазири Покистон Навоз Шариф даъват кардааст, моҳи октябр ба Вашингтон сафар кунад.