Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама Навоз Шарифро ба Вошинтон даъват кард


Сюзан Райс
Сюзан Райс

Барак Обама, раисиҷумҳури ИМА, нахуствазири Покистон Навоз Шарифро ба Кохи Сафед даъват кардааст. Дар ин бора Сюзан Райс, мушовири раисиҷумҳур дар умури масоили амниятӣ, рӯзи 30 август дар Твиттер хабар дода гуфтааст, қарор аст, ки ин сафар моҳи октябр баргузор шавад.

Хонум Райс афзудааст, ки даъвати Обамаро ба Навоз Шариф ҳангоми мулоқоташ бо ӯ дар Исломобод ироа кардааст.

Бар пояи хабарҳо, Навоз Шариф ва Сюзан Райс мавзӯи эҳёи музокирот миёни ҳукумати Афғонистон ва ҷунбиши "Толибон"-ро баррасӣ карданд. Гуфтушунидҳо моҳи гузашта, баъд аз хабари даргузашти раҳбари "Толибон" Мулло Муҳаммад Умар, мутаваққиф шуданд.

Дар изҳороти вазорати дифои Покистон гуфта шудааст, Навоз Шариф ва Сюзан Райс ба зарурати идомаи ҳамкориҳои наздик ба хотири таъмини сулҳу субот дар Афғонистон ва минтақа таъкид кардаанд.

XS
SM
MD
LG