Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз Мӯсоқалъа берун карда шуданд


Нерӯҳои ҳукуматии Афғонистон бо кумаки ҳавопаймоҳои ҷангии НАТО рӯзи 30 август шаҳри Мӯсоқалъа, як минтақаи стратегӣ дар вилояти Ҳилмандро дубора таҳти назорат қарор доданд. Толибон ин минтақаро аввалҳои ҳафта ишғол карда буданд.

Амалиёт барои озод кардани Мӯсоқалъа рӯзи 28 август шурӯъ шуда буд. Вазорати дифои Афғонистон бо нашри як изҳорот дар бораи дар задухӯрдҳо куштаву маҷрӯҳ шудани 220 тан аз мухолифин хабар дод.

Шаҳри Мӯсоқалъа дар моварои киштзори хашхош ва роҳҳои қочоқи маводи мухаддир бори аввал ҳашт сол пеш аз дасти толибон озод карда шуда буд.

Ҷанг бо “Толибон” дар Афғонистон дар ҳоле ҷараён дорад, ки нерӯҳои байнулмилалии таҳти фармони НАТО соли гузашта Афғонистонро тарк намуданд ва сохторҳои низомиву амниятии кишвар маҷбуранд дар набард бо онҳо фақат ба таҷрибаву малакаи худ такя кунанд. Айни ҳол дар Афғонистон тақрибан 12 ҳазор низомии НАТО мустақаранд, ки ба тамрину таълими афсарону сарбозони афғон машғуланд.

XS
SM
MD
LG