Пайвандҳои дастрасӣ

Кашфи ҷасади 71 муҳоҷир дар мошини боркаш


71 ҷасадро аз ҳамин мошин ёфтаанд

Пулиси Австрия мегӯяд, шумори муҳоҷирони ҳалокшуда дар мошини боркаше, ки дар як шоҳроҳи ин кишвар ёфт шуд, 71 нафар будааст. Дар байни онҳо 4 кӯдак ва 8 зан ҳам будаанд. Пулис гуфт, дар робита ба ин қазия 3 нафарро дар Маҷористон (Венгрия) дастгир кардаанд. Пулис ин мошини боркаш бо муҳоҷирони ҳалокшударо рӯзи 27 август дар шоҳроҳе, ки Венаро бо Будапешт мепайвандад, пайдо кард. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел гуфт, ин қазия раҳбарони Аврупо ва Балканро, ки дар Вена бӯҳрони муҳоҷиронро баҳс мекарданд, такон дод. Раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Федерика Могерини изҳори умед кард, ки ин фоҷиа кишварҳои узви созмонро ба тасмимгирӣ ва масъулият таҳрик хоҳад дод.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG