Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як зан бо иттиҳоми кӯдакфурӯшӣ


Пулиси шаҳри Санкт-Петербурги Русия як зани 38-солаи зодаи Тоҷикистонро бо иттиҳоми қасди кӯдакфурӯшӣ дастгир кардааст. Бино ба гузориши расонаҳои маҳаллӣ, ин зан аз равобити маҳрамона бо як муҳоҷири тоҷик дар Петербург ҳомила шуда, мехостааст онро ба қимати 100 000 рубл, муодили тақрибан 1400 доллар бифурӯшад. Аммо нақши харидорр як афсари пулис бозӣ кардааст ва ин занро рӯзи 27 август ҳангоми анҷоми ин муомила дар истгоҳи мошинҳои яке аз фурӯшгоҳҳои Петербург боздошт кардаанд. Ба гуфтаи мақомот, маълум шудааст, ки ин зан дар Тоҷикистон шавҳар ва 4 кӯдак дошта, мехост бо фурӯхтани кӯдаки навзодаш равобити худ бо марди дигарро аз аҳли хонаводааш пинҳон кунад. Бино ба гузориши расонаҳои Петербург, қаблан дар ин шаҳр як зани 50-сола аз Тоҷикистон бо иттиҳоми фурӯхтани наберааш бо нархи 80 000 рубл боздошт шуда буд.

XS
SM
MD
LG