Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таркидани мошине ки нахӯд мекашонд


Бар асари таркиши бомб дар шимоли Афғонистон як нафар кушта ва дуи дигар захмӣ шуданд. Пулиси вилояти Ҷузҷон гуфт, таркиш рӯзи 24 август дар Шибирғон рух додааст. Мошине, ки нахӯд мекашонд вақте мунфаҷир шуд, ки бомби дар яке аз халтаҳо ҷобаҷошуда таркид. Бо вуҷуди дар ҷараёни амалиёти тобистони имсолаашон ба шимоли Афғонистон густариш ёфтани доманаи фаъолияти ҷангиён, Шибирғон аз минтақаҳои нисбатан ором боқӣ монда буд. Ҷузҷон зодгоҳи ноиби раисиҷумҳури Афғонистон Абдулрашид Дӯстуми узбактабор аст, ки худи ӯ ҳам рӯзи ҷумъа аз як сӯиқасд ҷон ба саломат бурд.

XS
SM
MD
LG