Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даври омӯзишии милисаи тоҷик дар ИМА


Ҳафт нафар аз кормандони масъули вазорати умури дохилаи Тоҷикистон давраи омӯзишии панҷрӯзаро дар ИМА сипарӣ карданд. Сафорати ИМА дар Тоҷикистон рӯзи 20-уми август хабар дод, ки дар ҷараёни ин сафар кормандони милисаи тоҷик дар шаҳрҳои Вашингтон ва Бостони аёлати Массачусетс дар робита ба усулҳои анъанавии ҳифзи тартиботи ҳуқуқ аз тариқи пешгирии ҷиноят, вокуниш ба зуроварӣ дар оила, ифротгароии хушунатомез, тундгароӣ, баробарҳуқуқии ҷинсӣ ҳангоми қабул ба кор дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастури муносиб гирифтанд.

Дар Вашингтон онҳо бо намояндагони расмии Идораи байналмиллалии назорати маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ (INL), Идораи мубориза бо терроризм (CT), Вазорати адлияи ИМА, Вазорати бехатарии миллии ИМА, Дафтари полиси минтақавии Чарлз ва Академияи Бюрои Федеролии тафтишот мулоқот доштанд.

Дар сӯҳбат бо муовини ёвари Котиби давлатӣ Ҷеймс Волш кормандони милисаи тоҷик ба ҳукумати Амрико барои даври омӯзишӣ изҳори сипос карданд.

Ба иттилои сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Вошингтон аз соли 1992 ба ин сӯ тавассути барномаҳо ва кӯмакҳои башардӯстона барои пуштибонии ниҳодҳои демократӣ, беҳдошт, маориф ва рушди иқтисоди Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар ҷудо кардааст.

XS
SM
MD
LG