Вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров ва ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод имрӯз дар Маскав мулоқот мекунанд. Вазорати хориҷаи Русия гуфт, Лавров ва Зариф рӯи барномаҳои ҳастаии Эрон ва талошҳои сулҳ дар Сурия тамаркуз хоҳанд кард. Амрико, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои арабӣ тарҳи Русияву Эрон дар мавриди Сурияро напазируфтанд, чунки он ба ҳифзи президент Башор Асад дар қудрат таъкид мекунад. Таҳлилгарон мегӯянд, Маскав муомилаи ахири ҳастаиро, ки ба Эрон сабук кардани таҳримҳо дар ивази қатъи фаъолиятҳои ҳастаияшро пешниҳод мекунад, ҳамчун боз шудани роҳ барои фурӯши шабакаҳои мушакиаш ба Теҳрон ва даст ёфтан ба қарордодҳои нави тавлиди нирӯи ҳастаӣ дар он кишвар маънидод мекунад. Муовини вазири хориҷаи Русия Сергей Рябков рӯзи ҷумъа гуфт, Маскав барои ирсоли шабакаҳои мушакҳои дурпарвози замин ба ҳавои S-300 ба Эрон омода аст ва ҷиҳати лағви ҳарчӣ зудтари таҳримоти зидди Теҳрон кор мекунад.