Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ибодӣ: Низомиён барои Ромадӣ муҷозот мешаванд


Ҷангҳо дар атроф ва дохили Ромадӣ идома доранд
Ҷангҳо дар атроф ва дохили Ромадӣ идома доранд

Нахуствазири Ироқ Ҳайдар Ибодӣ тасмими ташкили мурофиа дар трибунал ё додгоҳи ҳарбӣ алайҳи низомиёни воломақомеро пазируфт, ки шаҳри Ромадиро ба ситезаҷӯёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” таслим карданд.

Дар ин бора дар сомонаи интернетии Ибодӣ рӯзи 16-уми август хабар дода шуд.

Ҳанӯз маълум нест, ки чӣ теъдод аз низомиёни аршад ва соҳибмансаб мавриди муҳокимаи додгоҳӣ қарор мегиранд.

Ромадӣ, маркази вилояти Анбор, воқеъ дар ғарби Ироқ, моҳи май аз сӯи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ишғол шуд. Аз даст додани Ромадӣ сахттарин шикасти артиши Ироқ дар ҳадди аққал як соли ахир маҳсуб мешавад. Айни ҳол нерӯҳои ироқӣ бо пуштибонии ҳавопаймоҳои ҷангии эътилофи байнулмилалии таҳти фармони ИМА талоши дубора таҳти назорат гирифтани Ромадиро доранд.

XS
SM
MD
LG