Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Суқути чархболи Русия дар баҳри Охотск


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Русия мегӯянд, як чархбол дар баҳри Охотск дар Шарқи Дур суқут кардааст ва 5 тан аз 16 сарнишини он беномунишон ва ғолибан ҳалок шудаанд. Бино ба гузориши Интерфакс, халабон тавассути телефони моҳвораӣ хабар додааст, ки ӯ ва 10 тани дигар ба як базаи туристӣ дар нимҷазираи Тугур паноҳ бурдаанд. Чархболи МИ-8 рӯзи 15 август аз рустои Полина Осипенко дар вилояти Хабаровск ба парвоз хеста, бояд дар назди як кӯл дар Тугур менишаст. Иллати суқути чархбол ҳанӯз маълум нест. Хабаргузории давлатии ТАСС гузориш дод, ки дар ин чархбол гурӯҳи мудирони аршади як ширкати Русия ба ҷазираҳои Шантар сафар доштанд.

XS
SM
MD
LG