Созмондиҳандаи консерт дар шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Узбакистон, ки бо фоҷиа поён ёфт, боздошт шудаааст. Дар ин бора як манбаъ дар вазорати фарҳанг ва варзиши Узбакистон ба Радиои Озодӣ хабар дод.
Тахриби купрӯк дар боғи истироҳати воқеъ дар кӯли Ҷавонони шаҳри Урганҷи вилояти Хоразми Узбакистон шоми 8 август рӯй дод ва дар он, бино ба иттилои ахир, 15 нафар ба ҳалокат расида, 17 каси дигар ба бемористон интиқол ёфтанд. Фоҷиа ҳангоми консерти овозхон Наврӯз Собиров, ки миёни ҷавонон хеле маъруф аст, ба вуқӯъ пайваст. Шоми шанбе барои тамошои консерт одамони зиёд болои купрӯк ҷамъ омаданд ва ҳадс зада мешавад, ки маҳз таҷаммӯи афроди зиёд боис ба хароб шудани як тарафи он шудааст.
Ба иттилои манбаъҳо, консерт аз сӯи раиси шабакаи ҳаштуми телевизиони Урганҷ Улуғбек Собиров ташкил шуда буд. Улуғбек Собиров бо овозхон Наврӯз Собиров ягон пайванди хешу таборӣ надорад. Дар робита ба ин ҳодиса Наврӯз Собиров мавриди пурсуҷӯи муфаттишон қарор гирифтааст.