Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

10 август - Рӯзи варзишгарон


​Рӯзи варзишгарон ҳамасола бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон 10 август таҷлил мегардад.

Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон ҳамасола 10 август дар кишвар Рӯзи варзишгарон таҷлил мегардад. Ба иттилои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва Кумитаи миллии олимпии кишвар роҳхати гурзандоз Дилшод Назаров ба Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар соли 2016 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия бузургтарин дастовези варзишгарони тоҷик ба иди касбиашон мебошад.

Рӯзи варзишгарон –ин иди мардумӣ ҳамаи онҳоеро, ки дӯстдорони варзишанд, новобаста ба синну сол ва касбашон муттаҳид месозад, ин иди варзишгарони касбӣ ва мураббиён, ҳамаи кормандони соҳа, муаллимони тарбияи ҷисмонӣ, инчунин собиқадорону ҳаводорони варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад.

Бахшида ба иди варзишгарон дар манотиқи мухталифи кишвар мусобиқот дар риштаҳои гуногун баргузор мешавад.

Инчунин имрӯз, 10 август, дар шаҳри Душанбе ҳамоиши беҳтарин варзишгарону мураббиён, кормандони соҳа ва собиқадорони варзиш бахшида ба иди касбиашон баргузор мешавад.

XS
SM
MD
LG