Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳоии кормандони СММ дар амалиёте дар Малӣ


Намояндаи нерӯҳои мусаллаҳи Малӣ рӯзи 8 август гуфт, миёни 12 нафаре, ки ҳангоми ишғоли як меҳмонсаро аз сӯи ситезаҷӯёни як гурӯҳи исломӣ кушта шудаанд, як шаҳрванди Русия ва як шаҳрванди Украина низ ҳастанд. Меҳмонсарои Byblos дар шаҳри Севайр аз сӯи кормандони ҳайати посдорони сулҳи СММ дар ин кишвари воқеъ дар Африқои Ғарбӣ истифода мешуд.

Ситезаҷӯён меҳмонсароро субҳи барвақти 7 август ишғол карданд. Амалиёти нерӯҳои амниятии Малӣ барои аз он ҷо берун кардани ситезаҷӯён баъд аз тақрибан як шабонарӯз – субҳи рӯзи 8 август шурӯъ шуд. Дар амалиёт чаҳор тан аз кормандони Созмони Милал, ки ҳангоми ишғоли меҳмонсаро дар ҷойҳои мухталиф панаҳ бурда буданд, озод карда шуданд. Ба иттилои намоядаи СММ дар Малӣ, ду нафари онҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ ва ду нафари дигар шаҳрвандони Русия ва Украинаанд. Шаҳрванди Русия дар меҳмонхона пинҳон шуда аз он ҷо ба нерӯҳои амниятии Малӣ иттилои муҳим медод.

Миёни кушташудагон ҳамчунин як халабон аз Ҷумҳурии Африқои ҷанубӣ аз ҳайати СММ. панҷ сарбоз аз Малӣ ва чаҳор тан аз ситезаҷӯён ҳам ҳастанд. Ҳукумати Малӣ хабар дод, ки ҳафт нафари гумонбар дар даст доштан дар ин ҳамла ҳам боздошт шудаанд.

XS
SM
MD
LG