Бонки рушду бозсозии Аврупо барои сохтмони корхонаи тавлиди Coca-Cola 45 миллион евро дар ихтиёри Тоҷикистон мегузорад. Дар ин бора намояндаи ин бонк дар Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст.
Ин маблағ имкон медиҳад, ки "Coca-Cola Beverages Tajikistan"тавлиди нӯшокиҳои ғайриалколии худро оғоз кунад. "Coca-Cola Beverages Tajikistan" яке аз бахшҳои ширкати туркии "Coca-Cola icecek" мебошад, ки барои ворид шудан ба бозори Қазоқистону Туркманистон бо Бонки рушду бозсозии Аврупо ҳамкорӣ кард.
Наталя Ханженкова-мудири идории Бонки рушду бозсозии Аврупо барои Туркия ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мегӯяд, «корхонаи нави Душанбе аҳамияти стратегӣ дорад ва он яке аз корхонаҳои тавлидотии ширкатҳои хориҷӣ хоҳад буд».
Ҳоло сармоягузориҳои Бонки рушду бозсозии Аврупо дар Тоҷикистон тақрибан 430 миллион евро ё 490 миллион долларро ташкил медиҳад.