Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чораҳои Вазорати беҳдошт дар рӯзҳои гармӣ


Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бинобар идома ёфтани гармои шадид дар кишвар дар марказҳои саломатӣ нуқтаҳои таъмини доруи “Регидрон”-ро ба роҳ мондааст. Наврӯз Ҷаъфаров, муовини вазири тандурустӣ, рӯзи 7 август ба Радиои Озодӣ гуфт, тобистони имсола гармтар омад ва ба хотири ҷилавгирӣ аз бемории кӯдакони то 7-сола, ки ба қавли ӯ қишри осебпазир ба шумор меоянд, чораҳои иловагӣ андешида шудааст. Ҷаъфаров афзуд, “барои эҳтиёт аз гармо варақаҳои иловагӣ низ нашр карда, миёни мардум тақсим намудем”.

XS
SM
MD
LG