Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми ҷуброн ба Шаҳболро беэътибор карданд


Додгоҳи Олии Тоҷикистон ҳукми додгоҳи поёнӣ дар бораи пардохти 97 265 сомонӣ ҷуброни моддиву маънавӣ ба сарбози ҷавони тоҷикро беэътибор кард, ки ҳангоми хидмат дар сафи нерӯҳои марзбонӣ маҷруҳ шуд. Гардани Шаҳбол Мирзоев, сокини 23-солаи ноҳияи Ашт моҳи марти соли 2014 баъди бадрафтории ҳамхидматаш осеб дид ва ӯ то кунун бемори бистарист ва роҳ рафта наметавонад. Додгоҳ Усмон Ғайратов ҳамхидмати Шаҳболро баъдан ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Моҳи майи имсол додгоҳи низомии Душанбе даъвои Шаҳбол бар зидди раёсати нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро дуруст шуморид ва амр дод, ки раёсат ба сарбози маҷруҳ бештар аз 97 ҳазор сомонӣ ҷуброн бипардозад. Акнун қарор аст, даъвои Шаҳболро як додраси дигари Додгоҳи низомии Душанбе баррасӣ кунад.

XS
SM
MD
LG