Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ бо Сергей Лавров мулоқот мекунад


Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико
Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии Амрико ва ҳамтои руси ӯ Сергей Лавров, рӯзи 2-уми август дар Қатар масоили Эрон, Сурия ва бӯҳрон дар Украинаро баррасӣ мекунанд. Мулоқот дар ҳошияи нишасти Ҷон Керрӣ бо вазирони умури хориҷии кишварҳои Халиҷи Форс сурат мегирад, ки дар он Ҷон Керрӣ саъй мекунад, нигарониҳои ин кишварҳои арабӣ аз созиши атомӣ бо Эронро фӯру нишонад. Вазири умури хориҷии Амрико сафараш ба Ховари Миёнаро рӯзи 1-уми август аз Миср шурӯъ кард ва дар онҷо бо мақомот дар бораи аз сар гирифтани муколамаи стротегии Амрикову Миср сӯҳбат дошт. Ин муколамаро Амрико баъди нооромиҳои сиёсии соли 2009 дар Миср боздошт. Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия бар изофаи мулоқот бо Ҷон Керрӣ, ҳамчунин бо мақомоти Қатар ҳамкориҳои дуҷониба ва муборизаи байналмилалӣ ба зидди гурӯҳи Давлати исломиро баррасӣ мекунад.

XS
SM
MD
LG