Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон хабари марги Ҳаққониро рад карданд


Гурӯҳи Толибон рӯзи 1-уми август бо нашри баёнияи расмие хабари марги Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, бунёдгузори шабакаи тундрави Ҳаққонӣ ва шарики Толибону Ал-Қоидаро рад кард. Манобеъи гуногуни мӯътамад дар дохили Толибон ба Радиои Машъал, бахши покистонии Радиои Озодӣ, рӯзномаи “Тулӯъ”, ГЕО ТВ ва дигар расонаҳои Покистон рӯзи 31-уми июл гуфтанд, ки Ҷалолуддин Ҳаққонӣ, соли 2014 бар асари беморӣ фавтидааст ва ӯро дар Афғонистон дафн кардаанд. Ҷалолуддин Ҳаққонии 70-сола солҳои ахир бемор буд ва аксари масъулиятҳои ӯро писараш Сироҷуддин иҷро мекард. Дар баёнияи Толибон омадааст, ки гузоришҳо дар бораи марги Ҷалолуддин Ҳаққонӣ “асосе надоранд”. Дар баёния омадааст, “Ҳаққонӣ, ки қаблан бемор буд, муддати зиёд аст, ки сиҳат аст ва ҳоло ҳеҷ мушкилӣ надорад.” Хешовандони наздики Ҷалолуддин Ҳаққонӣ рӯзи 31-уми июл ба хабаргузории “Ройтерс” гуфтаанд, ки ӯ зинда, вале бемор аст.

XS
SM
MD
LG