Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олланд Рӯҳониро ба Фаронса даъват кардааст


Лаурент Фабиус ҳангоми дидор бо Ҳасан Рӯҳонӣ.
Лаурент Фабиус ҳангоми дидор бо Ҳасан Рӯҳонӣ.

Франсуа Олланд, раиси ҷумҳури Фаронса, аз ҳамтои эрониаш Ҳасан Рӯҳонӣ даъват кардааст, ки моҳи ноябр ба кишвараш сафар кунад. Дар ин бора Лаурент Фабиус, вазири умури хориҷии Фаронса хабар дод ва гуфт, ки даъватномаи расмии Франсуа Олландро ба Эрон овардааст. Вазири хориҷии Фаронса рӯзи 29-уми июл дар шаҳри Теҳрон бо ҳамтои эрониаш Муҳаммад Ҷавод Зариф ва Ҳасан Рӯҳонӣ гуфтӯгу кард. Баъди тавофуқи ҳастаии Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ, равобити дипломатии ин кишвар бо кишварҳои аврупоӣ гармтар шуд. Пеш аз сафари Лаурент Фабиус, Федерика Могерини, маъсули умури хориҷии Иттиҳодияи Аврупо дар Теҳрон буд ва бо Муҳаммад Ҷавод Зариф мулоқот кард. Вазири Эрон гуфт, ду тараф мувофиқат карданд, ки гуфтугуҳо дар сатҳи олӣ байни Эрон ва Иттиҳодияи Аврупо дар масоили “ҳамкориҳои энержӣ, ҳуқуқи инсон, мубориза бо терроризм ва масоили минтақавиро” шурӯъ кунанд.

XS
SM
MD
LG