Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми қатли Осия Бибӣ мутаваққиф шуд


Осия Бибӣ
Осия Бибӣ

Додгоҳи олии Покистон иҷрои ҳукми қатли як зани масеҳиро, ки дар тавҳин ба дини Ислом айбдор дониста шудааст, мутаваққифф кард. Вакили мудофеи Осия Бибӣ гуфт, додгоҳ ба зудӣ дархости бозбинии ҳукми ин занро баррасӣ хоҳад кард. Ин зани модари 5 фарзанд дар соли 2009 дастгир ва моҳи ноябри соли 2010 бо ҷурми ба забон овардани суханони таҳқиромез дар бораи Паёмбари Ислом Муҳаммад дар баҳсаш бо як зани мусалмон ба қатл маҳкум шуд. Додгоҳи болоӣ дар шаҳри Лоҳур дар октябри соли 2014 ҳукми қатли Осия Бибиро ба қувваи худ боқӣ гузошт. Ин парванда мавҷи интиқодҳои байналмилалӣ аз қонуни тавҳини дини Покистонро ба бор овард. Гуфта мешуд, ки ин қонун бисёр вақт барои баррасии баҳсҳои хусусӣ истифода мешавад. Ин мавзӯъ дар Покистон чунон ҳассос аст, ки ҳатто иттиҳомоти бедалел ҳам метавонад издиҳомро ба хушунат таҳрик бидиҳад.

XS
SM
MD
LG