Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вакили собиқи қирғизро дастгир карданд


Мақсат Кунакунов
Мақсат Кунакунов

Як вакили собиқи Қирғизистонро, ки ба гуфтаи мақомоти интизомӣ ҷангҷӯёни шарики гурӯҳи Давлати исломиро бо силоҳ таъмин мекард, ҳангоми фирор аз қаламрави кишвар дастгир кардаанд. Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 20-уми июл бо нашри як баёния гуфт, як вакили собиқи мардумӣ аз Ҳизби Ақжол (Роҳи дурахшон) соати 4 субҳ ҳангоми талош барои тарки Қирғизистон дар фурудгоҳи Бишкек дастгир шуд. Манобеъе дар Кумитаи амният ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки вакили боздоштшуда Мақсад Кунакунов аст, ки солҳои 2007 то соли 2010 дар порлумон Ҳизби Ақжол ба раҳбарии раиси ҷумҳури собиқ Қурмонбек Боқиевро намояндагӣ мекард. Ҳукумати Боқиев соли 2010 дар қиёмҳои мардумӣ сарнагун шуд. Ба гуфтаи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон, Мақсад Кунакунов, ба аъзои гурӯҳи Давлати исломӣ, ки ҳафтаи гузашта дар амалиёте кушта шуданд, ду автомати Калашников додааст.

XS
SM
MD
LG