Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зигмар Габриэл ба Теҳрону Исфаҳон меравад


Зигмар Габриэл
Зигмар Габриэл

Зигмар Габриэл, муовини садри аъзм ва вазири иқтисоду энерҷии Олмон, шоми якшанбе вориди Теҳрон мешавад. Ӯ нахустин намояндаи воломақоми кишварҳои зери созиши ҳастаӣ имзогузошта аст, ки ба Эрон сафар мекунад.

Бино ба изҳороти расмие, ки вазорати иқтисоду энерҷии Олмон рӯзи 19 июл нашр кард, муовини садри аъзамро дар ин сафар гурӯҳи хурди намояндагони ширкатҳои бузургу гурӯҳҳои саноатӣ ва донишмандон ҳамроҳӣ мекунанд.

Аз ин пеш хабаргузории олмонии DPA иттилоъ дод, ки Зигмар Габриэл аз Теҳрон ва Исфаҳон дидан мекунад ва бо раҳбарони Эрону масъулони бахши иқтисодии ин кишвар мулоқотҳо анҷом медиҳад.

Мақомоти Олмон гуфтанд, ки Зигмар Габриэлро раисиҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ ба ҳузур мепазирад.

Ҳайатҳои Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ (ИМА, Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 14 июл баъд аз музокироти тулонӣ роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон дар Вена, пойтахти Австрия ба тавофуқ расиданд. Бар пояи ин созиш, Эрон ба ивази лағви таҳримҳои байнулмилалӣ барномаи ҳастаии худро коҳиш медиҳад.

XS
SM
MD
LG