Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Қирғизистон 40 кило ҳероин боздошт карданд


Кормандони раёсати мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон аз қочоқгарони маводи мухаддир миқдори зиёди ҳероин боздошт кардаанд. Дар ин бора дафтари матбуотии вазорат хабар додааст. Ин миқдор маводи мухадирро қочоқчиён барои интиқол ба Русия омода карда будаанд.

Дар ин хабар омадааст, дар ду мошини борбар, ки пиёз интиқол медодаанд, дар байни пиёз 40,6 кило ҳероин пинҳон карда будаанд.

Дар хабар гуфта мешавад, ки эҳтимолан ин миқдор ҳероинро аз Тоҷикистон ба Қирғизистон интиқол додаанд.

Бино ба маълумоти коршиносон дар вазорати корҳои дохилаи Қирғизистон, нархи ин миқдор ҳероини боздоштшуда дар бозори Маскав аз 800 ҳазор то як миллион доллар нарх доштааст.

XS
SM
MD
LG