Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Музокироти ҳастаӣ дар Вена идома меёбад


Муҳаммад Ҷавод Зариф
Муҳаммад Ҷавод Зариф

Дипломатҳои Эрон ва гурӯҳи “панҷ ба изофаи як” (ИМА. Бритониё, Фаронса, Русия, Чин ва Олмон) рӯзи 13 июл дар шаҳри Вена музокирот оид ба барномаи ҳастаии Эронро идома доданд. Онҳо гуфтанд, ки барои расидан ба созиши ҳастаӣ наздиктар шуданд, аммо ҳанӯз ҳам кафолати имзо шудани ин санад мавҷуд нест.

Муовини вазири умури хориҷии Эрон Аббос Арақчӣ рӯзи душанбе гуфт, ӯ ваъда намедиҳад, ки масъалаҳои боқимонда то шоми имрӯз ё шаби оянда ҳал мешаванд. Аз ин пеш расонаҳои эронӣ аз қавли раисиҷумҳур Ҳасани Рӯҳонӣ навишта буданд, ки ҷонибҳо барои расидан ба созиш хело ҳам наздиканд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷии ИМА, рӯзи 12 июл ба хабарнигорон гуфт, "фикр мекунам, мо баъзе аз қарорҳои воқеиро қабул мекунем."Ӯ аз боқӣ мондани "чанд кори сахт" хабар дод ва изҳори умедворӣ намуд, ки тавофуқ ҳосил мешавад.

Дар музокироти Вена рӯзи 13 июл вазирони умури хориҷии Эрон ва гурӯҳи “панҷ ба изофаи як” ширкат доранд. Аз ин пеш мӯҳлати ниҳоии имзои созиш, ки 30 июн муқаррар шуда буд, се бор тамдид шуд ва вазири умури хориҷии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф шоми якшанбе гуфт, аҷаб нест, ки он боз ҳам тамдид шавад.

Дар сурати ҳосил шудани созиш, Эрон бояд фаъолиятҳои ҳастаияшро дар ивази лағви таҳримҳои байнулмтлалӣ маҳдуд кунад. Бар пояи тавофуқе, ки дар шаҳри Лозанеи Швейтсария моҳи апрел ҳосил шуда буд, Эрон муваззаф аст шумораи сентрифугаҳо барои ғанисозии ураниумро аз 19 ҳазор феълӣ то 6 ҳазор адад коҳиш диҳад. Эрон ҳамчунин бояд захираҳои ураниуми ғанишудаашро, ки дар сурати ғализтар кардан аз он сетавон бомби ҳастаӣ сохт, аз 7 тонна то 350 кило кам кунад.

XS
SM
MD
LG