Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Ҳалокати 23 сарбоз аз фуруравии боми казарма

Бар асари фурӯрезии як бахш аз боми казармаи ҳарбӣ дар шаҳраки Светлий, воқеъ дар канори шаҳри Омски Русия, 23 сарбоз ба ҳалокат расидааст.

Дафтари матбуоти вазорати дифои Русия рӯзи 13 июл хабар дод, ки ҳамаи 42 низомӣ аз зери харобаҳо берун оварда шуданд. Ба иттилои расмӣ, 19 низомӣ бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд, се нафар захмҳои сабук бардоштаанд. Ахиран даҳ нафар аз осебдидаҳо тавассути ҳавопаймои боркаши низомӣ ба Маскав интиқол ёфтанд, қарор аст, ки ҳафт нафари дигар ҳам ба зудӣ аз Омск ба бемористонҳои пойтахти Русия фиристода шаванд.

Фоҷиа рӯзи якшанбе рӯй дод – яке аз қисматҳои бинои чаҳорошёнаи казармаи маркази таълимии Нерӯҳои десантии Русия дар шаҳраки Светлий фурӯ рехт. Ҳангоми ҳодиса дар казарма 337 сарбоз ҳузур доштанд.

Аз ин пеш намояндаи вазорати дифои Русия Игор Конашенков хабар дод, ки солҳои 2013-2014 ширкати “Ремэскстрой” аз шаҳри Нижний Новгород ин казармаро таъмир карда буд. Дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Ба кормандони давлат дар Туркманистон дастур додаанд, пули озмоишро бипардозанд

Мақомоти Туркманистон мегӯянд, вируси нав ба ин кишвар сироят накардааст.

Кормандони давлат дар Туркманистон дастур гирифтаанд, ки ҳаққи гарони озмоиш аз коронавирусро худашон бипардозанд, ҳарчанд ҳукумат мегӯяд, дар кишвар ҳеҷ COVID-19 нагирифтааст. Сабабҳои судури чунин дастур дар рӯзи 6-уми август рӯшан нест.

Пофишории мақомоти Туркманистон ба орӣ будани кишвар аз вирус шубҳаи зиёдеро ба бор овардааст. Айни замон бино ба гузоришҳо, шифохонаҳо пур аз беморон бо аломатҳои илтиҳоби шуш шудаанд. Дар Узбекистон мақомот гуфтанд, ки имтиҳонҳои қабул ба донишгоҳҳо дар майдонҳои варзишӣ ва бо риояти фосилагирии ҷисмонӣ сурат мегирад.

Дар Тоҷикистон теъдоди беморони COVID-19 аз 7700 нафар гузашт. Мақомот мегӯянд, ки то кунун 62 нафар бар асари сирояти коронавирус ҷон додаанд, ҳарчанд як таҳқиқи Радиои Озодӣ нишон дод, ки талафот аз беморӣ ба садҳо нафар мерасад.

Дар Қирғизистон ба гуфтаи мақомот, то рӯзи 7-уми август шумораи беморон ба бештар аз 39 ҳазор нафар расид ва талафот 1451 нафарро ташкил медиҳад. Дар Қазоқистон тақрибан 97 ҳазор нафар бемор шудаанд ва бештар аз 1000 нафар фавтидаанд.

Итолиё чораҳои эҳтиётӣ аз коронавирусро тамдид кард

Рум дар баҳор баъди эълони карантин. Ин маҳал ҳеҷ гоҳ чунин холӣ набудааст.

Ҳукумати Итолиё, яке аз кишварҳои сахт осебдида аз бемории COVID-19 баъзе аз маҳдудиятҳо барои пешгирӣ аз сирояти коронавируси навро то моҳи сентябр тамдид кард. Бар асоси қарори нахуствазир Ҷузеппе Конте, пӯшидани ниқоб дар маконҳои умумии баст, риояти фосилагирӣ аз ҳамдигар то 7-уми сентябр ҳатмӣ хоҳад буд ва баргузории чорабинҳои бузурги оммавӣ манъ аст. Қарори мазкур рӯзи 7-уми август қабул шуд.

Ҷузеппе Конте аз мардуми кишвараш, ки то кунун 35 ҳазор нафарро аз бемории COVID-19 талаф додаанд, хост, ки эҳтиёткор бошанд. Дар Мексика, ки умедвор буданд, суръати сироят бисёр суст мешавад, баръакс бо афзудани теъдоди беморон ноумедӣ боло гирифтааст. Ҳуго Лопез-Гателл, муовини вазири тандурустии Мексика рӯзи 7-уми август гуфт, ки “ин як пандемияи дарозмуддате мешавад”.

Дар Мексика коронавирус ба 470 ҳазор нафар сироят карда ва ҷони бештар аз 51 ҳазор касро гирифтааст. Дар умум дар саросари аз бемории COVID-19 719 ҳазор нафар фавтидаанд. Дар Тоҷикистон беморӣ ба бештар аз 7700 нафар сироят кардааст ва 62 нафар фавтидаанд.

Трамп гуфт, Чину Эрону Русия муштоқи дидани шикасти ӯ дар интихобот ҳастанд

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки ҳукуматаш ҳушдори раҳбари як идораи иттилоотӣ дар бораи мудохилаи эҳтимолии Русияву Чин ва Эрон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар моҳи ноябрро мӯшикофона меомӯзад.

Айни замон ба бовари Доналд Трамп, ҳеҷ яке аз ин кишварҳо намехоҳанд, ӯ дар интихобот пирӯз шавад. Доналд Трамп ҳангоми нишасти хабарие дар рӯзи 7-уми август дар Вашингтон гуфт, ки Амрико “нигоҳ мекунад, ки он се кишвар чӣ кор мекунанд”. Ӯ ба суоле дар бораи ҳушдори Билл Эванин, раҳбари Маркази Амнияти Иттилоотии Амрико посух дод, ки гуфт, Русияву Чин ва Эрон қасд доранд, ба ҷараёни интихоботи Амрико таъсир гузоранд.

Ӯ афзуд, ки Чин мехоҳад, Доналд Трамп дар интихобот шикаст хӯрад, Русия саъй дорад, рақиби Трамп, Ҷо Байденро заиф кунад ва Эрон талош мекунад, то пояҳои институтҳои демократӣ дар Амрико суст шаванд. Доналд Трамп гуфт, Русия ҳеҷ гоҳ намехоҳад, ки ӯ раиси ҷумҳур шавад, “чун ҳеҷ касе ва ҳеҷ гоҳ ба ғайр аз Доналд Трамп бо Русия сахтгирӣ накардааст.”

Раиси ҷумҳури Амрико гуфт, Эрон ҳам муштоқи бохтани ӯст, вале афзуд Доналд Трамп, “агар мо бибарем, бо Эрон зуд созиш мекунем”. Доналд Трамп афзуд, Чин мехоҳад, ки Ҷо Байден дар интихобот пирӯз шавад ва агар чунин коре шавад, ба гуфтаи Трамп “Чин Амрикоро аз худ мекунад”.

Лоя Ҷирга баҳс сари зиндониёни Толибро идома медиҳад

Раҳбарони қавму қабилаҳо, намояндагони ҷомеаи маданӣ ва сиёсатмадорони шинохта аз аъзои Лоя Ҷирга ҳастанд.

Дар шаҳри Кобул нишасти Лоя Ҷирга, шурои сарони қавму қабила ва сиёсатмадорони шинохта идома дорад, ки дар он масъалаи озодии 400 зиндонии Толибро баррасӣ мекунанд, ки дар ҳамлаву бомбгузориҳои хунине даст доранд. Раҳоии зиндониён яке аз монеаҳои аслӣ дар роҳи музокироти мустақим байни ҳукумат ва Толибон аст, ки бо Амрико барои хотима додан ба ҷанг созиш бастанд.

Нишасти Лоя Ҷирга, ки рӯзи 7-уми август оғоз ёфт, фардо низ идома меёбад. Бар асоси созише, ки Амрикову Толибон моҳи феврал имзо карданд, ҳукумати Афғонистон бояд 5 ҳазор зиндонии Толибро озод кунад. То кунун 4600 зиндониро раҳо карданд, вале ҳукумати раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ гуфт, азбаски 400 нафари боқимонда барои ҷиноятҳои сахт паси панҷара рафтаанд, ҳаққи раҳоии онҳо дар ихтиёри Лоя Ҷирга аст.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 7-уми август гуфт, ки ҳар гуна қарори аъзои шӯро дар ин заминаро мепазирад. Дар сурати ризоият барои раҳоии Толибон мумкин аст, гуфтугуҳои ин гуруҳ бо ҳукумат ҳафтаи оянда оғоз шавад. Дар як санаде, ки байни аъзои Лоя Ҷирга тақсим кардаанд, чунин навишта шудааст, ки раҳоии Толибон ба маънии оғози музокирот ва озод накардани онҳо ба маънии идомаи ҷанг дар Афғонистон аст.

Бонки Ҷаҳонӣ: Осиёи Марказӣ баъди вабо гирифтори буҳрони амиқ мешавад

Пандемияи коронавирус ба таҳсил, сифати сармояи инсонӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири дарозмуддат хоҳад расонд. Дар ин бора дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ таъкид шудааст.

Дар гузориш омадааст, ки дар кишварҳои минтақа ҷавонон ва донишҷӯён қариб нисфе аз аҳолиро ташкил медиҳанд. Буҳрон даромадҳои эҳтимолии насли наврасро зери хатар қарор медиҳад. Бино ба таҳлилҳо, сатҳи бесаводӣ миёни наврасон меафзояд ва ин маънои онро дорад, ки шумори хонандагоне, ки аз мутолиа кардан, навиштан ва ҳисобу китоб оҷиз хоҳанд буд, афзоиш меёбад.

Ба иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, донишҷӯёни минтақа аз ҳамсолони аврупоии худ 1,5 сол қафо мондаанд.

"Дарз ё шикофи рӯзафзун ва ё нобаробарӣ дар таҳсилот байни хонандагони хонаводаҳои дорои даромадҳои гуногун боис ба нигаронии хос аст", -- омадааст дар гузориш.

Зарбаи харобиовари вабои вируси корона ба низоми таҳсилот чунон қавӣ хоҳад буд, ки пайомадҳои он (аз ҷумла зиёни иқтисодиаш, ки танҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ 44 миллиард доллар пешгӯӣ карда мешавад), даҳсолаҳо баъд эҳсос хоҳад шуд.

Ба бовари Оиша Вауда, коршиноси Бонки Ҷаҳонӣ дар умури таҳсилот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, воқеият метавонад, аз ин пешгӯӣ ҳам бадтар бошад.

Тарафдорони Тихановская дар Минск гирди ҳам омаданд

BELARUS - Supporters of Sviatlana Tsikhanouskaya, candidate for the presidential elections, attend a rally in Minsk, Belarus, Thursday, Aug. 6, 2020. The presidential election in Belarus is scheduled for Aug. 9, 2020.

Ҳазорон нафар аз тарафдорони Светлана Тихановская, номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар Белорус рӯзи 6-уми август дар як боғи Минск ҷамъ омада ва ҳимояташонро аз ӯ иброз доштанд. Светлана Тихановская маҷбур шуд, ки маъракаи тарғиботиашро дар Минск лағв кунад, чун мақомот гуфтанд, ки дар маҳалли ҳамоиш чорабиниҳои давлатӣ баргузор мешавад.

Баъди лағв шудани ҳамоишҳои интихоботиашон дар Боғи дӯстии халқҳо ва Боғи Киев, Светала Тихановская ҳамроҳ бо шариконаш Мария Калесникая, Вероника Сапкала гуфтанд, ки ҳамчун як “шаҳрванди оддӣ” дар маъракаҳои шитобкорона эълонкардаи ҳукумат дар Боғи Киев ширкат мекунанд.

Тихановскаяро дар ин чорабинӣ надидааанд, вале Калесникаяро маъмурони пулис ба боғ роҳ надоданд. Калесниская баъдан гуфт, ки дертар бо Тихановская ва Сапкала ба инҷо омаданд, вале ба гуфтаи у маъмурони пулис онҳоро ба боғ роҳ надодаанд.

Теъдоди донишҷӯёни буҷавиро дар факултаҳои тиббии Қирғизистон бештар карданд

Донишҷӯёни Академияи тиббии Қирғизистон.

Ба далели афзоиши талабот ба мутахассисони соҳаи тиб, бо фармони Вазорати тандурустии Қирғизистон теъдоди донишҷӯёни буҷавӣ дар факултаҳои тиббии донишгоҳҳои давлатии он кишвар бештар шуд.

Дар ин бора аз мақомоти вазорати тандурустии Қирғизистон хабар доданд.

"Дар соли хониши 2020-2021 теъдоди донишҷӯёни буҷавӣ дар факултаҳои тиббии донишгоҳҳои давлатӣ афзоиш дода шуд",-гуфт Ойгул Бообекова, як мақомдори Вазорати тандурустии Қирғизистон. Ба гуфтаи вай, 250 донишҷӯёни дигар дар соли нави таҳсил дар факултаҳои тиббӣ аз ҳисоби буҷаи кишвар таҳсил хоҳанд кард.

Бо афзоиши паҳншавии вируси корона дар Қирғизистон соҳаи тандурустии он кишвар бо камбуди мутахассисон рӯ ба рӯ шуд. Ҳукумати Қирғизистон аз ҳамаи шаҳрвандоне, ки маълумоти тиббӣ доранд, дархост кард, дар асоси шартнома бо муассисаҳои тиббӣ ҳамкорӣ кунанд.

Дар Амрико талафот аз коронавирус зиёд шудааст

Дар Амрико рӯзи 6-уми август марги 2 ҳазор нафар бар асари коронавирусро сабт кардаанд, ки дар се моҳи гузашта мушоҳида нашуда буд. Дар ин кишвар, ки сирояти беморӣ дигарбора суръат гирифтааст, 2060 нафар фавтидаанд ва 58 ҳазор каси дигар ба бемории СОVID-19 гирифтор шудаанд.

Дар Амрико бори охир моҳи май марги бештар аз 2 ҳазор нафар дар як рӯз сабт шуд. Дар кишварҳои Амрикои Лотинӣ ҳам беморӣ ва талафот зиёд мешавад. Дар Бразилия рӯзи 6-уми август 53 ҳазор мавриди нави беморӣ ва 1200 фавт аз онро сабт кардааанд.

Дар умум дар ин кишвар тақрибан 100 ҳазор кас бар асари сирояти коронавируси нав ҷон доданд. Бино ба омори Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинси Амрико коронавируси нав то кунун ба тақрибан 19 миллион нафар сироят карда ва 712 ҳазор касро куштааст.

Тазоҳургаронро аз Бейрути ваҳшатзада пароканда карданд

Тазоҳургаронро бо истифода аз гази ашковар пароканда карданд.

Нерӯҳои амниятӣ дар Бейрут даҳҳо тазоҳургарро, ки баъди таркиши мудҳишу маргбор ба хиёбонҳо баромаданд, пароканда кардаанд. Тазоҳургарон ҳукуматро ба бемасъулиятӣ ва роҳ додан ба таркише муттаҳам мекунанд, ки 149 нафарро кушт, ҳазорон нафарро маҷрӯҳ кард. Тақрибан 300 ҳазор нафари дигар ҳоло имкони бозгашт ба хона надоранд.

Ба гуфтаи матбуоти давлатӣ, маъмурони амниятӣ шоми 6-уми август бо истифода аз гази ашковар даҳҳо эътирозгарро дар Бейрут пароканда карданд, ки ба самти онҳо санг меандохтанд. Ба навиштаи Хабаргузории Миллии Лубнон чанде аз эътирозгарон маҷруҳ шудаанд. Тазоҳурот бо сафари Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳури Фаронса ба Лубнон оғоз ёфт ва тазоҳургарон ҳукуматро ба истеъфо ва мардумро ба инқилоб даъват мекарданд.

Мақомоти Лубнон гуфтанд, ки 16 нафарро дар робита ба таркиш дар бандар дастгир кардааанд. Ҳасан Корайтем, мудири бандар низ боздошт шудааст. Бино ба тафтишоти пешакӣ, таркиши рӯзи 4-уми август дар анборе ба вуқуъ пайвастааст, ки дар онҷо 2700 тонна нурии минералии нитрати аммонийро дар шароити номуносибе нигаҳ медоштаанд. Нурии мазкур дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мешавад, вале моддаи хатарноки тарканда низ ҳаст.

Лоя Ҷирга сарнавишти зиндониёни Толибро баррасӣ мекунад

Нишаст рӯзи 7-уми август оғоз ёфт.

Дар шаҳри Кобул ҷаласаи Лоя Ҷирга, шӯрои қабиласолорону шахсиятҳои шинохта дар Афғонистон оғоз ёфт, ки дар он сарнавишти садҳо зиндонии Толибро баррасӣ мешавад. Раҳбарони Толибон мехоҳанд, ин зиндониён пеш аз оғози музокироти мустақими сулҳ бо ҳукумат озод карда шаванд.

Раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ҳафтаи гузашта амр дод, ки 500 зиндонии Толибон ба нишонаи ҳусни ният озод карда шаванд. Толибон қабл аз Иди Қурбон барои се рӯз оташбас эълон карданд ва ҳукумат ба он розӣ шуд. Оташбас рӯзи 31-уми июл ба иҷро даромад ва 2-уми август хотима ёфт.

Ашраф Ғанӣ рӯзи 31-уми июл зимни суханроние дар телевизион гуфт, ки ҳукумат 4600 зиндониёни Толибро раҳо кардааст. Бар асоси созиши Амрикову Толибон, ки моҳи феврал имзо шуд, ҳукумат бояд 5 000 Толибро аз зиндонҳо озод кунанд.

Ашраф Ғанӣ гуфт, ки бар асоси Қонуни Асосӣ ҳукумат ҳақ надорад, 400 Толиби боқимондаро озод кунад, чун онҳо барои ҷиноятҳои ҷиддие паси панҷара рафтаанд. Ӯ гуфт, ки барои таъйини сарнавишти ин гуруҳи зиндониён ҷаласаи Луя Ҷиргаро даъват мекунад. Толибон мегӯянд, бар асоси аҳди додаашон ба Амрико ҳамаи 1000 корманди ҳукуматиро, ки дар асорат доштанд, озод кардаанд.

Майк Помпео, вазири умури хориҷии Амрико аз аъзои Лоя Ҷирга хост, ки зиндониёнро озод кунанд, чун бо ин кор ба кам шудани хушунату хунрезӣ ва оғози музокироти мустақиму дастёбӣ ба созиши сулҳ мусоидат мекунанд. Толибон мегӯянд, бар асоси аҳди додаашон ба Амрико ҳамаи 1000 корманди ҳукуматиро, ки дар асорат доштанд, озод кардаанд.

Бозпурсии соҳиби киштие, ки маводи дохили он боиси таркиш дар Бейрут шуд

Шаҳри Бейрут пас аз таркиш.

Пулиси Қибрис (Кипр) рӯзи панҷшанбе соҳиби эҳтимолии киштиеро бозпурсӣ кард, ки маводи дохили он рӯзи 4 август боиси таркиш дар Бейрути Лубнон шуд. Пулис шахсияти бозпурсишударо ошкор намекунад, аммо расонаҳо навиштанд, соҳиби киштӣ тоҷири рус Игор Гречушкин аст, ки айни замон дар Қибрис истиқомат дорад.

Мақомоти Лубнон шаш сол пеш аз ин киштӣ 2750 тона селитраи аммиакро мусодира карда буданд. Ин селитраҳо рӯзи 4 август дар анборе дар бандари Бейрут таркиданд. Мақомоти тафтишотии Лубнон гуфтанд, хунукназарӣ боиси таркиш шудааст. Эҳтимол дорад, корҳои кафшергарӣ боиси таркиш шуда бошад.

Бино ба иттилои охир, ин таркиш 149 қурбонӣ ва наздики 5 ҳазор маҷруҳ дар пай гузоштааст. Таркиши азим қисме аз бандар ва атрофи онро маҳв кард. На камтар аз 250 ҳазор сокини пойтахти Лубнон бесарпаноҳ мондааст.

Мақомот гуфтанд, 16 касро боздошт ва бозпурсӣ кардаанд. Бештари онҳо коргарони бандар ҳастанд.

ФИФА ба футболи Қирғизистон кӯмаки молӣ мерасонад

Федератсияи байналхалқии футбол (FIFA) ба Иттифоқи футболи Қирғизистон барои бартарафсозии пайомадҳои иқтисодии вабои коронавирус ва пуштибонӣ аз федератсияи миллӣ 1,5 миллион доллар ҷудо мекунад.

ФИФА ба ҳар кадом федератсияе, ки узви созмони мазкур ҳастанд 1,5 миллион долларӣ ҷудо мекунад.

Федератсияи футболи Қирғизистон хабар дод, қисме аз кӯмаки ФИФА ба азсаргирии мусобиқаҳои ватанӣ равона мешавад.

Федератсияи футболи Қирғизистон гуфт, тасмим дорад, аз 7 август бозиҳои қаҳрамони кишварро шуруъ кунад.

Дар Қирғизистон ба далале ҷорӣ шудани карантин аз 21 март ба ин тараф ҳамаи чорабиниҳои варзишӣ мамнуъ эълом шуд.

Дар Узбекистон фаъолияти боғчаҳо аз сар гирифта мешавад

Дар боғчаҳои Узбекистон барои шуруи фаъолият омодагӣ мебинанд. Дар он кишвар дари боғчаҳо дар робита ба паҳншавии вируси корона баста шуд.

"Азсаргирии фаъолияти боғчаҳо бо ҳадафи баргардонии кӯдакон ба ҳаёти муътадил, ба бозиву таҳсил рӯи даст гирифта шудааст. Аммо шарт ин аст, ки боғчаҳо муҳити амнро барои кӯдакон ва коргарон муҳайё кунанд", - омадааст дар хабари маркази матбуотии вазорати таҳсилоти томактабии Узбекистон.

Ин вазорат хабар медиҳад, ки барои пешгирӣ аз мубталошавӣ ба вируси корона чораҳои иловагӣ андешида шудааст.

Дар Узбекистон аз 16 март дари боғчаҳо баста шуданд.

Мақомоти Узбекистон ҳанӯз 15 июн хабар доданд, ки фаъолияти боғчаҳо аз моҳи август аз сар гирифта мешавад.

Дар Уралски Қазоқистон нахостанд, барои гирифторони COVID-19 беморхона бунёд шавад

Cуҳбати мақомот бо сокинони Уралский.

Даҳҳо тан аз сокинони шаҳраки "Жулдиз" дар Уралски Қазоқистон аз мақомот талаб карданд, ки сохтмони беморхона барои гирифторони COVID-19-ро қатъ кунанд.

Ин сокинон шикоят доранд, ки сохтмони беморхона дар наздикии макони зисти онҳо хатари гирифторшавӣ ба коронавирусро бештар мекунад.

Ҳокими Уралск Абат Шинибеков гуфт, ки сохтмони беморхона ба сиҳатии сокинон ҳеч хатаре нахоҳад дошт.

"Ҳамаи беморхонаҳои калон дар маркази шаҳрҳо бунёд шудааст, атрофашон биноҳои баландошёна ҳаст. Барои шумо ҳеч хатаре ба бор намеорад", - Болатбек Каюпов, роҳбари бахши тандурустии Уралск дар суҳбат бо сокинони маҳаллӣ.

Сокинон гуфтанд, ки аз посухи мақомоти маҳаллӣ қонеъ нашудаанд ва талош мекунанд, ки дар сатҳҳои болотар ба сохтмони беморхона нуқта гузоранд.

Ин бори аввал нест, ки дар Қазоқистон сокинон зидди сохтани беморхона шикоят мекунанд. Пештар аз ин дар ноҳияи Зайсани вилояти Қазоқистони Шарқӣ, дар деҳаи Береки вилояти Алмато ва дар шаҳри Чимкент сокинон зидди сохтани беморхона таҷаммуъ карда буданд.

Бердимуҳаммадов китоби наве бо номи "Ҷаҳони маънавии туркман" навишт

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон китоби наве бо номи "Ҷаҳони маънавии туркман" навишт, ки он ба анъанаҳои халқи туркман ва маросимҳои миллӣ бахшида шудааст. Дар ин бора расонаҳои Туркманистон хабар медиҳанд.

Дар китоб зебогии ҳаёт, саодати дунёӣ, ҷовидонагии ҳаёт, эътибори илму маърифат дар рушди ҷомеа, усулҳои ҳаёти солим, меҳнатдӯстӣ ва меҳмоннавозӣ ва ҳамчунин анъанаҳои ахлоқӣ ва ваҳдат тасвир шудааст.

"Китоби нав барои нашр ирсол шуда, "туҳфаи эҷодӣ"-и президент дар Рӯзи истиқлол хоҳад буд",-менависанд расонаҳои Туркманистон.

Бердимуҳаммадов то ин замон бештар аз 40 китоб дар бораи растаниҳо, аспҳо, чой ва ҳаёти хушбахтона навиштааст. Ин китобҳоро тариқи шабакаҳои телевизионӣ дар Туркманистон қироат мекунанд.

Мақомоти Бодканд аз тирпаронии дувум дар марз бо Тоҷикистон хабар доданд

Мақомоти вилояти Бодканди Қирғизистон хабар доданд, ки шоми 6-уми август дар марз бо Тоҷикистон тирпаронӣ сурат гирифта, як нафар маҷруҳ шудааст.

Ҷониби Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора чизе нагуфтааст.

Мақомоти Бодканд ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтаанд, ҳодиса дар наздикии деҳаи Кок-Тош руй дода, шахси маҷруҳ дар бемористон аст ва вазъи саломатиаш миёнаи вазнин арзёбӣ мешавад. Ба қавли онҳо, ин сокини Кок-Тош аз ҷониби номаълум ҳадаф қарор гирифтааст.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон гуфтааст, ин хабарро таҳқиқ мекунад ва айни замон афзудааст, ки вазъ дар сарҳад зери назорат аст.

Дар рӯзи 6-уми август ин дувумин ҳодиса дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон аст. Дафтари матбуоти нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон субҳи панҷшанбе хабар дод, ки дар 1-километрии марз бо вилояти Бодканд, як сокини деҳаи Сомониёни ҷамоати Чоркӯҳ аз тири ҷониби Қирғизистон ба ҳалокат расидааст. Ба иттилои манбаъ, Воҳид Ваҳҳобови 65-сола боғбони бригадаи рақами чаҳори ҳамин ҷамоат будааст.

Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ҳамзамон хабар дод, ки дар минтақаи ҳамҷавори маҳаллаи Лангари Моҳиёни ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара сардори дидбонгоҳи "Кӯктош"-и Қирғизистон Шер Кабиров аз сӯи як шахси номаълум ҳадафи тир қарор гирифтааст. Тибқи изҳороти Раёсати марзбонии Тоҷикистон, дар ин ҳамла аз силоҳи шикорӣ истифода шудааст.

Тоҷикистону Қирғизистон 970 километр марз доранд ва аз ин 519 километраш мушаххасу аломатгузорӣ шудааст. Ду кишвар барои таъйини марзи боқимонда солҳо боз забон намеёбанд ва номуайянии сарҳад ҳар дафъа боис ба задухӯрду тирпаронӣ дар минтақаҳои баҳсӣ мешавад.

Марги як нафари дигар аз коронавирус дар Тоҷикистон тасдиқ шуд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон 6-уми август хабар дод, ки дар шабонарӯзи ахир марги як нафарро аз коронавируси нав сабт кардаанд ва бо ин шумораи умумии қурбониёни бемории ҳамагир ба 62 нафар расид.

Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш номи беш аз 440 нафарро дарҷ кардаанд. Мақомот ин рӯйхатро қабул надоранд.

Тоҷикистон дар охири моҳи апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард. Аз он замон то кунун, ба иттилои расмӣ, 7665 кас бемор шуда, 6443 нафар ё 84 дарсад шифо ёфтаанд.

Мақомот мегӯянд, ҳоло вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар муътадил аст ва дар 85 бемористон зиёда аз 7500 пизишк ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои муқобила бо вируси нав омодаанд.

Аммо дар оғози ин ҳафта дафтари матбуоти ҳукумати Хуҷанд аз қавли Маъруф Ҳоҷибоев, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд, навишт, "таҳлили даҳрӯзаи охир нишон медиҳад, ки теъдоди беморони илтиҳоби шуш ва короновирус рӯ ба афзоиш ниҳодааст".

"Мутаассифона, ин беморӣ бидуни нишона зуҳур намудааст, ки ташвишовар гардидааст", -- гуфтааст ӯ.

Матолиби бештар дар бораи буҳрони коронавирус дар инҷост:

ТОҶИКИСТОН

ҶАҲОН

Дар Алмато дар натиҷаи садамаи мошин як кас бистарӣ шуд

Қазоқистон. Акс аз бойгонӣ.

Дар вилояти Алматои Қазоқистон дар натиҷаи бархӯрди мошини сабукрав ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ ронанда дар бемористон бистарӣ шуд.

Дар ин бора аз идораи ҳолатҳои фавқулодаи вилоят рӯзи панҷшанбе хабар доданд.

Ба иттилои наҷотдиҳандагон, ин ҳодиса субҳи 6 август рух дод. Мошини навъи Land Cruiser Prado ба нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бархӯрда, дар натиҷа таркиш рух додааст. Ду мошин дар натиҷа таркида ва оташ гирифтааст. Ронандаи мошини Land Cruiser Prado бо 98 дарсади сухтагии бадан дар бемористон бистарӣ шудааст.

Оташи нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ давоми ним соат хомуш карда шудааст.

Шумораи қурбониёни таркиши Бейрут ба беш аз 135 тан расид

Дар пойтати Лубнон, шаҳри Бейрут баъди таркиши азим дар бандар корҳои ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ идома доранд.

Бино ба иттилои ахир, на камтар аз 135 кас кушта ва наздики 5 ҳазори дигар маҷруҳ шудаанд. 250 ҳазор сокин бе сарпаноҳ мондаанд. Ба гуфтаи мақомот, эҳтимол дорад, шумори қурбониён афзоиш ёбад. Баъди таркиш даҳҳо тан бе ному нишон шудааст. Наҷотдиҳандагон онҳоро дар зери оворҳо ҷустуҷӯ доранд.

Таркиш дар бандари Бейрут 4 август сурат гирифт. Зиёни ин таркиш миллиардҳо доллар баровард мешавад.

Мақомоти он кишвар гуфтанд, таҳқиқоти таркиш дар Бейрут шаффоф ва 5 рӯз давом мекунад. Ба гуфтаи мақомот, гунаҳкорон ҳатман ба ҷавобгарӣ ҷалб мешаванд.

Муфаттишон ба тафтиши ҷои ҳодиса шуруъ кардаанд. Расонаҳо навиштанд, ки кӯмакҳои башарӣ вориди Лубнон мешаванд.

Дар натиҷаи таркиш анбори ғалладона зиён дидааст. 85 дарсади ғаллаи шаҳр дар анборҳои наздики таркиш нигаҳдорӣ мешуд.

Гуфта мешавад, тақрибан 2700 тонна доруи минералӣ дар пойтахти Лубнон таркидааст. Ҳасан Диёб, нахуствазири Лубнон гуфт, баъди мусодираи нитрати аммоний дар соли 2014 онро дар як анборе нигаҳ доштаанд ва меъёрҳои амниятиро риоят накардаанд.

Бино ба гузоришҳо, миқдори зиёди нитрати аммонийро, ки рӯзи 4-уми август дар Бейрут таркид, солҳо пеш аз киштии Игор Гречушкин, як тоҷири рус мусодира карда буданд.

Се хонаи марбут ба Лола Каримоваро дар Ҳолливуд ба $19 млн мефурӯшанд

Лола Каримова бо шавҳараш Темур Тиллоев

Се виллаи мутааллиқ ба Лола Каримова-Тиллоева, духтари хурдии президенти пешини Узбекистон Ислом Каримовро дар теппаҳои Ҳолливуди Амрико ба фурӯш гузоштанд.

Ин виллаҳо моликияти муштараки Лола Каримова ва шавҳараш Тимур Тиллоев дониста мешаванд.

Ба иттилои расонаҳо, арзиши умумии виллаҳо 18,9 миллион доллар аст.

Расонаҳо менависанд, Лола Каримова ва Тимур Тиллоев виллаҳоро соли 2014 бо қимати 16,1 миллион доллар харидаанд. Ин хонавода дар виллаҳои мазкур зиндагӣ накарда, онҳоро ба иҷора додаанд.

"Тиллоев ва Каримова дар қасри дигаре дар Беверлӣ-Ҳиллз зиндагӣ мекунанд. Масоҳати ин хона 48 ҳазор метри мураббаъ аст ва зану шавҳар онро соли 2013 бо қимати 33 миллион доллари ИМА харида буданд", - менависад нашрияи Variety.

Ба навиштаи нашрия, ин гаронтарин амволи Каримоваву Тиллоев нест.

"Хонаводаи мазкур байни Беверлӣ-Ҳиллз, Порис ва Швейтсария зиндагӣ мекунад. Онҳо дар яке аз кӯчаҳои Женева манзиле доранд, ки бо қимати 47 миллион доллари ИМА харида буданд", - иттилоъ медиҳад нашрия.

Дмитрий Медведев гуфт, амалкарди Беларус бе оқибат намемонад

Медведев гуфт, амалкарди Беларус беҷавоб намемонад.

Русия таҳдид кард, ки боздошти 33 зархариди рус дар Ҷумҳурии Беларус беоқибат намемонад. Шаҳрвандони Русияро ҳафтаи гузашта дар наздикии шаҳри Минск дастгир карданд. Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои Амнияти Миллии Русия, рӯзи 3-уми август гуфт, раҳбарони Белорус робитаҳои дуҷонибаро ба як “тағйири хурде дар маъракаи интихоботӣ табдил додаанд.”

Ӯ афзуд, ки боздошт оқибатҳои баде барои робитаҳои дуҷонибаи Русияву Белорус дошта метавонад. Дар Белорус рӯзи 9-уми август интихоботи президентӣ баргузор мешавад ва Александр Лукашенко, ки 26 сол боз раиси ҷумҳур аст, мехоҳад, дар мақомаш бимонад.

Дмитрий Медведев гуфт, амалкарди Белорус “на танҳо таҳқиромез, балки бисёр ғамангез аст.” Медведев, ки дар гузашта, раиси ҷумҳур ва нахуствазири Русия ҳам буд, гуфтааст, ки боздошти шаҳрвандони кишвараш “беоқибат намемонад”. Боздошти зархаридон ва ҳузури онҳо дар Белорус, танишҳо дар ин кишварро, ки шоҳиди тазоҳуроти азим ба зидди Лукашенко шуд, зиёдтар кард.

Теъдоди қурбониёни таркиши Бейрут ба 145 нафар расид

Таркиш ин бандар дар шаҳри Бейрутро ба замин яксон кард.

Вазорати тандурустии Лубнон рӯзи 6-уми август хабар дод, ки шумораи қурбониёни таркиш дар бандари Бейрут ба 145 расидааст ва на кам аз 5000 нафар дар ин ҳодиса захмӣ шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, садҳо нафар ҳам беному нишонанд. Ихтиёриёни Салиби Сурхи ҷаҳонӣ дар вайронаҳо машғули ҷустуҷӯи одамон ҳастанд ва мегӯянд, интизор меравад шумораи қурбониён афзун шавад.

Фармондори Бейрут Маврон Аббуд мегӯяд, наздик ба 300 000 нафар аз ин таркиш бехонумон шудаанд ва ба шаҳр аз 10 миллиард то 15 миллиард доллар зарар расидааст. Ба гузориши “Ассошиэйтед Пресс”, бисёрии мардуми Бейрут акнун дар ҷустуҷӯи хешовандони гумшудаи худ, дармони ҷароҳатҳо ва вайронаҳои хонаҳои худ ҳастанд.

Полиси Лубнон ва муфаттише, ки дар бораи таркиши рӯзи сешанбе дар Бейрут пажӯҳиш мебарад, бедиққатӣ дар анбори моддаи таркандаро сабаби эҳтимолии ин рӯйдод медонад. Шабакаи хабарии Fox News менависад, назорати бештари амалиёт дар бандари Бейрут ғайрирасмӣ дар дасти Ҳизбуллоҳ аст.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, давлати Лубнон ба як “кумитаи таҳқиқотӣ” чор рӯз фурсат додааст, то гунаҳкорони асосии ҳодисаро пайдо кунад.

Президенти Лубнон Мишел Аун дар ҷаласаи фавқулодаи ҳукумати Лубнон рӯзи 5-уми август гуфт, ки барои ду ҳафта бояд вазъияти фавқулодда эълом шавад. Сарвазир Ҳасан Диаб низ рӯзи чоршанберо рӯзи мотами умумӣ эълон кард.

Дар Ҷопон ёди қурбониёни бомби атомиро гиромӣ доштанд

Ин занон дар ҳаққи қурбониён дар Майдони Сулҳ дар Ҳирошима дуо мекунанд.

Дар Ҷопон хотираи қурбониёни бомби атомиеро, гиромӣ доштанд, ки 75 сол пеш Амрико дар шаҳри Ҳирошима андохт. Ба хотири онҳо рӯзи 6-уми август зангӯлаҳо дар шаҳр ба садо даромаданд, вале маросимҳои гиромидошт ба сабаби пандемияи коронавирус маҳдуд сурат гирифт.

Шинзо Абе, нахуствазири Чин дар маросим дар Ҳирошима ширкат кард, вале меҳмонони хориҷӣ камтар буданд. Вуруд ба Майдони Сулҳ дар шаҳр маҳдуд буд ва фақат бозмондагони ҳодиса ва хешовандони қурбониёнро ба онҷо роҳ доданд.

Дар натиҷаи партоби бомби атомӣ дар Ҳирошима, дар рӯзи 6-уми августи соли 1945 140 ҳазор нафар кушта шуданд. Се рӯз баъд аз ин Амрико дар шаҳри Нагасаки ҳам як бомби дигари атомӣ андохт ва 45 ҳазор нафарро дар як они воҳид кушт. Шаш рӯз баъд аз ин Ҷопон таслим шуд ва ҳамингуна Ҷанги Ҷаҳонии Дуввум хотима ёфт.

Помпео гуфт, Амрико истифода аз фанновариҳои Чинро кам мекунад

Майк Помпео аз ин пеш ҳам гуфта буд, ки фанновариҳои Чин барои амнияти кишвараш хатар дорад.

Бо бадтар шудани робитаҳои Амрикову Чин ду иқтисоди азимтарини ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида гуфт, ният дорад, истифода аз фанновариҳои Чинро маҳдуд кунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷӣ, рӯзи 5-уми август гуфт, Амрико саъй мекунад, то истифода аз замимаҳо ва аппликейшнҳои алоҳидаи телефонӣ ва ширкатҳои мухобиротии чиниро, ки аз тарафи ҳукумат ҳимоят мешаванд ва таҳдид ба амнияти Амрико ва иттилооти хусусии шаҳрвандонаш аст, манъ кунад.

Майк Помпео гуфт, Амрико баъзе аз замимаҳои чинӣ “ғайриқобили боварӣ” ба мисли ТикТок ва ВиЧат-ро дар дохили кишвар дастнорас мекунад ва иҷоза намедиҳад, замимаҳои амрикоӣ дар телефонҳои чинӣ ҳангоми истеҳсолашон насб шаванд.

Вазири амрикоӣ афзуд, ки вазорати умури хориҷии Амрико ҳамроҳ бо дигар ниҳодҳои давлатӣ талош мекунад, кори ширкатҳои мухобиротии чиниро, ки иттилоотро дар Амрико ҷамъ оварда, нигаҳ медоранд, маҳдуд кунад. Як ҳафта пеш аз ин гуфтаҳои Майк Помпео раиси ҷумҳур Доналд Трамп хост, ки шабакаи иҷтимоии маҳбуби ҷавонон ТикТок дар қаламрави Амрико манъ карда шавад.

Фейсбук видеои Доналд Трампро пок кард, Твиттер ҳам

Фейсбук ва Твиттер навиштаҳои раиси ҷумҳур Доналд Трамп ва ситоди интихоботии ӯро бинобар риоят накардани меъёрҳои муқобила бо дурӯғпароканӣ дар бораи коронавирус аз ин шабакаҳои иҷтимоӣ пок карданд. Фейсбук порчаи видеоеро аз саҳифаи Доналд Трамп пок кард, ки дар он иддао мекунад, кӯдакон аз вируси нав “тақрибан эмин” ҳастанд.

Видео, ки порае аз мусоҳибаи ӯ бо телевизиони Фокс Нюс буд, барои он пок шудааст, ки ба гуфтаи Фейсбук “иттилооти зиёновар дар бораи COVID” дорад. Ба гуфтаи Фейсбук иддаои раиси ҷумҳур дар бораи масуният доштани кӯдакон аз коронавирус дурӯғ аст.

Бори аввал аст, ки Фейсбук навиштаи раиси ҷумҳурро бинобар риоят накардани қоидаҳои нашри мӯҳтаво пок мекунад. Табибон мегӯянд, ки кӯдакон аз коронавируси нав масуният надоранд, ҳарчанд маргу мири пиронсолон аз беморӣ назар ба кӯдакон зиёдтар аст.

Кӯдакону навзодон ҳам ба COVID-19 гирифтор мешаванд ва ба дигарон ҳам сироят мекунанд. Твиттер ҳам саҳифаи ситоди интихоботии Доналд Трампро бинобар нашри айни видео барои муддате дастнорас кард ва ба муттасадиёнаш гуфт, то замоне, ки видеоро пок накунанд, дигар ҳаққи нашри чизеро нахоҳанд дошт.

Доналд Трамп ҳангоми нишасти хабарӣ дар Кохи Сафед дигарбора иддао кард, ки вирус “аз байн меравад”, ҳарчанд Амрико аз ин вирус назар ба ҳар кишвари дигари дунё осеби бештар дидааст. Дар инҷо 4 миллиону 800 ҳазор нафар ба COVID-19 мубтало шудаанд ва бештар аз 158 ҳазор нафар ҳам фавтидаанд.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG