Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳси қарзи Юнон дар Брюссел идома меёбад


Сарони 19 кишвари минтақаи евро дар як нишаст дар шаҳри Брюссел бояд пешниҳоди мусолиматомез дар робита ба бӯҳрони қарзи Юнонро баррасӣ хоҳанд кард. Пребен Аманн, сухангӯи раиси Иттиҳодияи Аврупо Дроналд Туск изҳор намуд, ки нишаст баъд аз чанд танаффуси кӯтоҳи рӯзи гузашта дубора даъват мешавад.

Пешниҳоди мусолиматомез баъз аз чаҳор соати музокирот миёни нахуствазири Юнон Алексис Сипрас, раисиҷумҳури Фаронса Франсуа Ҳолланд ва садри аъзами Олмон Ангела Меркел ироа гардид.

Сипрас рӯзи 12 июл тайи ҳашт соат талош кард, ки кишвару созмонҳои қарздиҳандаи минтақаи евроро барои ироаи кӯмаки молиявӣ ба Юнон мӯътақоид созад. Юнон ба хотири ҷилавгирӣ аз варшикастагӣ ва боқӣ мондан дар минтақаи евро ба кӯмаки фаврии молиявӣ ниёз дорад. Бонкҳои Юнон ҳам эълом доштанд, ки барои пур кардани захираи асъорашон ба маблағҳои Бонки марказии Аврупо зарурат доранд.

Раҳбарони кишварҳои минтақаи евро пойфишорӣ доранд, ки Юнон дар ивази кумаки молиявӣ бояд чанд шартро иҷро кунад.

XS
SM
MD
LG