Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви нишасти сарони аъзои Иттиҳодияи Аврупо


Доналд Туск
Доналд Туск

Доналд Туск, раиси Иттиҳодияи Аврупо нишасти сарони 28 кишвари узвро, ки қарор буд, имрӯз баргузор шавад, лағв кард. Доналд Туск рӯзи 12-уми июл гуфт, ки фақат раҳбарони 19 кишвари ҳавзаи евро дар шаҳри Брюссел соати 16:00 вақти маҳаллӣ мулоқот мекунанд. Вазирони молияи ин кишварҳо бо ҳамтои юнонии худ пеш аз он нишаст дар бораи шарту шароити додани кӯмаки молии навбатӣ ба Юнон гуфтугу хоҳанд дошт. Дар сурати ҳосил нашудани созиш, Юнон мумкин аст муфлис шавад ва аз ҳавзаи евро берун равад. Алексис Сипрас, нахуствазири Юнон гуфт, кишвараш барои пӯшонидани хароҷоту баргардонидани қарзҳои зиёдаш то соли 2018 ба 53 миллиарду 500 миллион евро эҳтиёҷ дорад. Вале раиси кишварҳои ҳавзаи евро ва вазири молияи Ҳолланд Ҷирен Дисселблум рӯзи 12-уми июл гуфт, дар робита ба ваъдаҳои Юнон ҷиҳати ислоҳот ва сарфаҷӯӣ “эътимод” вуҷуд надорад.

XS
SM
MD
LG