Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола: Танҳо 8 рӯзи артишро ба мактаб диҳед...


Малола Юсуфзай
Малола Юсуфзай

Барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Малола Юсуфзай рӯзи 7 июл аз раҳбарони ҷаҳон хост, ба хотири таъмини дастрасии тамоми кӯдакони ҷаҳон ба таҳсили бепул аз баҳри “ 8 рӯзи хароҷоти низомӣ”-ашон бигзаранд. Бино ба ҳисоби Сандуқи Малола, ҳар сол барои таъмини таҳсили кӯдакони дунё ҳудуди 39 миллиард доллар лозим аст. Малола Юсуфзай рӯзи 7 июл дар анҷумани маорифи СММ дар Осло гуфт, ин 39 миллиард баробари танҳо 8 рӯзи хароҷоти низомии кишварҳои дунёст. Малола рӯзи 12 июл ба синни 18 мерасад.

XS
SM
MD
LG