Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Додгоҳи Ҷамолиддин Маҳмудов ба таъхир уфтод

Ҷамолиддин Маҳмудов

Муҳокимаи парвандаи Ҷамолиддин (Ҷалолиддин) Маҳмудов, узви раёсати олии Ҳизби наҳзати исломӣ ва намояндаи ин ҳизб дар Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ба 8 июл гузошта шуд. Исроил Мирзозода, раиси додгоҳи ноҳияи Ҳисор, ки баррасии парвандаи Маҳмудовро ба ӯҳда дорад, рӯзи сешанбе гуфт, ин ки таъхир ба сабабҳои техникӣ пеш омадааст. ​Зарафо Раҳмонӣ, вакили дифои Ҷамолиддин (Ҷалолиддин) Маҳмудов дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ба сабаби дастрас нашудани мактубе ба додгоҳ мурофиа ба вақти дигар гузаронида шуд. Ин дар ҳолест, ки ба иттилои хабарнигори Радиои Озодӣ ба манзури ширкат дар мурофиаи Ҷамолиддин (Ҷалолиддин) Маҳмудов ҳудуди 50 тан аз пайвандону ҳаводоронаш дар назди бинои додгоҳи Ҳисор ҷамъ омада буданд. Қарор аст, муҳокимаи Маҳмудов дар додгоҳи Ҳисор ба таври боз ва бо иштироки хабарнигорон сурат гирад. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 17 июн парвандаи Ҷамолиддин Маҳмудовро, ки бар асоси моддаи 195-уми Кодекси ҷиноӣ ба ҳифзи ғайриқонунии силоҳ муттаҳам мешавад, ба додгоҳи ноҳияи Ҳисор фиристода буд.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

"Болға"-ро, ки Мексикаро ба "дод оварда буд", дастгир карданд

Маъмурони амниятӣ баъди боздошти "Болға" назорати кӯчаҳои шаҳрро тақвият бахшиданд.

Мақомоти интизомии Мексика раҳбари бадноми як гуруҳи ҷиноиро дастгир карданд, ки аз сабабгорони асосии афзоиши қатлу куштору ҷиноят дар иёлати Хуанухуато ба ҳисоб меравад. Додситонии иёлат рӯзи 2-уми август эълон кард, ки Хосе Антонио Йепез Ортиз раҳбари гуруҳи ҷиноии Санта Роза де Лимаро дастгир карданд.

Мақомоти Мексика Йепез Ортизро, ки бо лақабҳои “Эл Марро” ва “Болға” маъруф шудааст, солҳо боз ҷустуҷӯ доштанд. Ба гуфтаи мақомоти интизомӣ, ӯро ҳамроҳ бо панҷ муттаҳам ба рабудани як соҳибкори зан дастгир кардаанд. Гуруҳи ҷиноии Санта Роза ба дуздии нафт аз лӯлаву полоишгоҳҳои давлатӣ ва ғорати қаторҳои сӯзишворӣ қудрат гирифт.

Баъди тақвияти муҳофизати ин иншоот гуруҳ ба одамрабоӣ ва тамаъҷӯӣ оғоз кард. Чанде пеш гуруҳи Санта Роза бо гуруҳи ҷиноии дигар бо номи Ялиско ҷангро шуруъ кард, ки мехоҳад, назорат бар шаҳри Хуанхуато, як маркази муҳими саноатиро зери назорат гирад. Бар асоси омор, дар шаҳри Хуанхуато дар соли 2019 3540 нафар ва ё рӯзона то 10 нафар кушта шудаанд.

Фазонаварди Амрико аз кайҳон бо муваффақият фуруд омад

Роберт Бенкен аз чап ва Дуглас Ҳарли аз рост.

Фазонаварди SpaceX Crew Dragon рӯзи 2 -уми август ду кайҳоннаварди амрикоиро бо муваффақият аз Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ ба замин баргардонд. Фазонавард, ки дар обҳои Халиҷи Мексика афтод, ҳам барои Оҷонси Кайҳоншиносии Амрико ва ширкати SpaceX – и Элон Маск ба ҳисоб меравад, ки дигарбора имкон дод, Иёлоти Муттаҳида мустақилона кайҳоннавардонашро ба кайҳон фиристода ва баргардонад.

Дар таърихи Амрико ҳам бори аввал аст, ки фазонаварди сохтаи ширкати хусусиро барои чунин маъмуриятҳо истифода мебаранд. Амрико аз соли 2011 то кунун бо истифода аз мушакҳои “Союз”- и Русия кайҳоннавардонашро ба Истгоҳи Байналмилалии Кайҳонӣ мефиристод. Амрико дар он сол аз партоби чунин фазонавардҳо даст кашид.

Кайҳоннавардони амрикоӣ Дуг Ҳарлӣ ва Боб Бенкен рӯзи 31-уми май ба истгоҳи мазкур ворид шуданд. Онҳоро фазонаварди SpaceX Falcon 9 аз Пойгоҳи Кайҳонии Кеннеди дар Флорида ба осмон партоб карданд.

Дар ним сол аз ду ҳамла дар Тоҷикистон пешгирӣ шудааст

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД

Мақомоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки дар ним соли гузашта аз ду ҳамлаи, ба гуфтаи онҳо, террористӣ пешгирӣ кардаанд.

Шодӣ Ҳафиззода, сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи ВКД, рӯзи 3-юми август дар нишасти матбуотӣ гуфт, ҳарду ҳамларо ҷонибдорони гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" тарҳрезӣ карда буданд. "Пеш аз он ки ҳамларо анҷом диҳанд, дастгир шуданд. Онҳо мехостанд, ҳамлаҳоро дар ноҳияҳои Шаҳринав ва Рашт анҷом диҳанд ва кормандони мақомоти корҳои дохилиро ҳадаф қарор диҳанд", -- афзуд ӯ.

Тасдиқи хабар аз манобеи мустақил феълан ғайриимкон аст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳамзамон аз ошкор шудани 875 ҷинояти хусусияти терроризму ифротгароидошта хабар дод. Шодӣ Ҳафиззода гуфт, дар ним сол беш аз дусад узви созмонҳои террористиву ифротгароро дастгир кардаанд. Вай шумори афроди дастгиршударо чунин баршумурд:

  • 203 узви "Бародарони мусалмон";
  • 27 узви "Давлати исломӣ";
  • 17 узви "Салафия";
  • 4 узви ҲНИТ;
  • 8 увзи "Ҷамоати Ансоруллоҳ";
  • 1 узви Толибон.

Ба қавли ӯ 92 нафаре, ки ба узвият дар гуруҳҳои террористӣ ва ифротгаро муттаҳам буданд, дар хориҷ дастгир ва ба кишвар оварда шудаанд.

Назари муттаҳамон ва пайвандону вакилони дифои онҳо маълум нест. Мақомот дар гузашта навори баъзе аз боздоштшудаҳо ва ибрози пушаймонии онҳоро дар телевизионҳои давлатӣ пахш кардаанд, аммо маълум нест он таҳти чӣ шароит сабт шудааст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи инсон солҳои ахир Тоҷикистонро барои он танқид мекунанд, ки бо баҳонаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ озодиҳои сиёсиву мазҳабиро дар кишвар маҳдуд мекунад. Интиқоде, ки мақомот онро қабул надоранд.

Тихановская мегӯяд, Беларус бояд мустақил бимонад

Светлана Тихановская

Светлана Тихановская яке аз номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Белорус гуфт, мухолифи таъсиси кишвари воҳид бо Русия аст, вале хост, робитаҳои хуб бо Маскав нигаҳ дошта шавад. Тихановская, тарҷумони забони инглисӣ баъди он ба сабқат барои соҳиб шудан ба мақоми курсии раиси ҷумҳур ворид шуд, ки шавҳараш Сергей Тихановский, видеоблоггери шинохта дар Беларусро дастгир карданд.

Светлана Тихановская дар суҳбат бо хабаргузории Lenta.ru гуфтааст: “Шахсан ман, мухолифи ҳамоиши амиқтар бо Русия ҳастам, чун Беларус кишвари мустақил аст. Мо мехоҳем, мустақил бошем. Мо мехоҳем дар байни кишварҳо дӯст пайдо кунем, на душман.”

Вақте аз ӯ пурсиданд, ки Беларус бояд дар пайи пайвастан ба Иттиҳоди Аврупо бошад, ё ба Ғарб наздик шавад, ӯ гуфт, ки ин як интихоби дурӯғ аст. Ӯ дар посух гуфт, “Воқеан зарур аст, ки интихоб кунем” ва афзуд, Беларус бояд ҳамкориҳои иқтисодӣ ва сиёсиро бо тамоми кишварҳо ривоҷ диҳад.

Теъдоди гирифторони COVID-19 дар ҷаҳон аз 18 миллион гузашт

Лос Анҷелес ҳам шоҳиди доман задани беморӣ шуд.

Теъдоди гирифторони коронавирус дар ҷаҳон то рӯзи 3-уми август аз 18 миллион нафар гузашт ва дар чанде аз кишварҳои ҷаҳон рӯзона теъдоди рекордии беморон сабт мешавад. Дар Амрико, ки дар гӯшаҳои гуногуни он бемории СОVID-19 босуръат доман мезанад, мақомоти Кохи Сафед гуфтанд, ки беморӣ дар кишвар “ба марҳилаи наве” ворид шудааст.

Дебора Брикс, яке аз раҳбарони Ситоди ҳукуматии мубориза бо СОVID-19 дар Амрико гуфт, беморӣ чӣ дар шаҳр ва ё чӣ деҳот “фавқуллода паҳн шудааст”. Дар иёлатҳои ғарбӣ ва ҷанубии Амрико, ки суръати беморӣ назар ба рӯзҳои пешин кундтар шудааст.

Коронавирус, ки охири соли гузашта дар Чин пайдо шуд, дар Амрико ба 4 миллиону 660 ҳазор нафар сироят карда, 155 ҳазор каси дигарро куштааст. Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт 6 моҳ пеш СОVID-19 пандемия эълон кард ва он замон то кунун камаш 687 ҳазор нафар аз ин беморӣ ҷон додаанд.

Дар баъзе аз кишварҳо, ки баъди кам шудани беморӣ равуо ва фаъолиятҳои иқтисодиро маҳдуд карданд, ҳоло бо бозгашти беморӣ ин маҳдудиятҳоро аз нав ҷорӣ карданд.

Пахши зинда: Нишасти хабарии вазири умури дохилии Тоҷикистон. ВИДЕО

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон

Нишасти хабарии вазири умури дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзодаро дар ин ҷо бинед. Ӯ ба суолҳо дар бораи боздоштҳо, мубориза бо терроризм ва масоили дигар посух мегӯяд:

ДОИШ бо ҳамла ба зиндоне дар Афғонистон даҳҳо нафарро кушт

Даҳҳо нафар дар натиҷаи ҳамла захмӣ шудаанд.

Дар натиҷаи ҳамлаи террористии гуруҳи ба ном Давлати исломӣ ва ё ДОИШ дар шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳамла рӯзи 2-уми август дар вилояти Нангарҳор ба вуқуъ пайваст. Ҷангҷӯён дар ин рӯз мошини бомбгузоришудаеро дар назди зиндон дар шаҳри Ҷалолобод тарконданд ва сипас бо маъмурони амниятӣ ҷангро оғоз карданд. Ҷанг чанд соат ва то шаби 3-уми август идома кардааст. Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Қандаҳор гуфт, ки неруҳои давлатӣ се ҷангҷӯро нобуд кардаанд ва айни замон ҷустӯҷуи ҷангҷӯёни боқимонда ва поксозии минтақа аз ҳузури онҳо идома дорад.

Ба гуфтаи сухангӯи ҳукумати вилоят, то шоми август камаш 21 нафар кушта шудаанд ва 42 каси дигар захм бардоштаанд. Ба қавли мақомоти расмӣ, аз 50 то 100 нафар зиндониён гурехтаанд, вале бисёре аз онҳоро дастгир кардаанд. Дар ин зиндон 1700 узви Толибон ва Давлати исломӣ ва дигар ҷинояткоронро нигаҳ медоранд. Гуруҳи ба ном Давлати исломӣ бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайти хабаргузориаш бо номи Аъмоқ масъулиятро ҳамларо бар дӯш гирифт.

Ҳамла як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки маъмурони амниятии Афғонистон гуфтанд, ки яке аз раҳбарони ДОИШ дар Нангарҳорро куштанд. Толибон гуфтаанд, ки дар ин ҳамла даст надоранд. Ҳамла дар рӯзи саввуми оташбас баёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон сурат гирифт, ки қабл аз оғози Иди Қурбон эълон карданд. Раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва Толибон аломат додаанд, ки мумкин аст, гуфтугуҳои байнулафғонӣ барои хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон баъд аз ид оғоз шавад.

Амрикову Толибон моҳи феврал созише ба имзо расонданд, ки ҳадафи он ҳамвор кардани роҳ барои музокироти мустақим байни Толибону ҳукумат буд. Яке аз монеаҳои аслӣ дар роҳи музокирот табодули асирони байни ду тараф ба ҳисоб меравад. Рӯзи сеюми ид Ашраф Ғанӣ бо нишони ҳусни ният 500 зиндонии Толибро озод кард. То кунун дар умум аз миёни 5000 ҳазор зиндонии Толиб, ки ҳукумат ваъда дод, раҳо мекунад, 4500 нафари онҳо озод шудаанд. Толибон мегӯянд, ки бар асоси мувофиқа бо Амрико 1000 корманди давлатро, ки асир гирифта буданд, раҳо карданд ва талаб доранд, ки 400 зиндонии дигари ин гуруҳ озод карда шавад.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон бо гумони дуздӣ боздошт шуд

Олжас Абишев, муовини вазири тандурустии Қазоқистон.

Муовини вазири тандурустии Қазоқистон Олжас Абишев 2 август боздошт шуд.

"Кумитаи назорати молии Вазорати молияи Қазоқистон тасдиқ мекунад, ки муовини вазири тандурустӣ Олжас Абишев аз сӯи маъмурони Хадамоти тафтишоти иқтисодӣ бо гумони дуздии пулҳои буҷа дастгир шудааст", - омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

Манбаъ афзуда, ки бар асоси банди 201-и Кодекси ҷиноии Қазоқистон "ҷузъиёти тафтишоти мазкур ифшо карда намешавад".

Олжас Абишев соли 2018 муовини вазири тандурустии Қазоқистон таъйин шуда буд. Ӯ дар Вазорати тандурустии Қазоқистон масъалаҳои рақамисозӣ ва амнияти иттилоотиро раҳбарӣ мекард.

Трамп соли гузашта ним миллиард доллар даромад доштааст

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико.

Президенти ИМА Доналд Трамп эъломияи андози худро нашр кард. Ӯ соли гузашта 446 миллион доллар даромад доштааст.

Эъломияи Трампро сомонаи Бюро оид ба масоили ахлоқии назди ҳукумати ИМА нашр кард. Манбаи асосии даромади ӯ дар соли гузашта қароргоҳ дар Мар-а-Лаго (иёлати Флорида), осоишгоҳ дар Майамӣ ва меҳмонсарои Trump International дар Вашингтон будааст. Трамп ҳамчунин аз ҳисоби Иттиҳоди ҳунармандони синамои ИМА ва фурӯши китобаш бо номи "Санъати созиш" даромад ба даст меорад.

Додгоҳи олии ИМА ибтидои моҳи июл қарор кард, ки эъломияи андози нуҳсолаи Трамп ба додситонҳо пешниҳод шавад. Маълумот дар бораи даромадҳои президенти ИМА ба Конгресс ироа намешавад.

Якбора се кумитаи Конгресс зидди Трамп шикоят ва аз ӯ ошкор кардани маълумоти молияшро талаб карда буданд. Вале Додгоҳи олии ИМА талаби қонунгузорҳоро рад карда, ҳалли масъаларо дар ихтиёри зинаи поёнии додгоҳ вогузошт. Ин ба он маъност, ки Конгресс пеш аз интихоботи президентии ИМА дар моҳи ноябри соли равон бо эъломияи андози Трамп шинос нахоҳад шуд.

Трамп соли 2015, ҳангоми пешбарии номзадияш ба мақоми президентии ИМА дороии худро 8 миллиарду 800 миллион доллар арзёбӣ карда буд. Вале маҷаллаи Forbes навишт, ки дороии Трамп ду баробар камтар аст.

Forbes моҳи апрели соли равон дороии Трампро 2 миллиарду 1 миллион доллар арзёбӣ кард, ки назар ба нишондоди моҳи октябри соли 2019 як миллиард камтар мебошад.

Мақомоти тоҷик фавти 61 нафарро аз коронавирус тасдиқ карданд

Акси пизишкони тоҷик ҳангоми табобати гирифторони коронавирус

Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод, ки шумораи фавтидагон аз коронавирус дар кишвар ба 61 нафар расид.

Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 22-юми июл номи беш аз 440 нафарро дарҷ кардаанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” бо такя ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 2-уми август хабар дод, ки дар як рӯзи охир 44 ҳолати нави сироятёбӣ ба коронавирусро сабт кардаанд ва як нафар низ фавтидааст.

Тоҷикистон охири моҳи апрел сирояти сокинон ба коронавирусро эътироф кард. Аз он замон то кунун, ба гуфтаи мақомот 7495 нафарро ҳамчун гирифтори коронавирус сабт кардаанд, ки аз ин теъдод 6276 нафараш шифо ёфтаанд.

Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторон зиёд бошад.

Дар Дубай неругоҳи ҳастаӣ сохтанд

Намое аз шаҳри Дубай

Иморати Мутаҳидаи Араб аз баҳрабардории нахустин истгоҳи неруи ҳастаии “Баракаҳ” хабар дод, ки дар ҷаҳони араб беназир будааст.

Шайх Муҳаммад бини Рашид ал Махтум, шаҳрдори Дубай дар саҳифаи Твитераш рӯзи 1-уми август дар ин бора хабар дод ва зикр кард, ки “имрӯз мо аз истифодаи бомуваффақияти сулҳомези Истгоҳи неруи ҳастаии Имороти Мутаҳидаи Араб дар ҷаҳони араб эълом додем”.

Вай хабар дод, ки “ҳадаф ба истифода додани чаҳор ниругоҳи ҳастаӣ мебошад, то як чаҳор неруи мавриди ниёзи кишварро бароварда кунад”.

Ба гуфтаиӯ, то ҳол кишвар аз истгоҳҳои барқию газӣ ва хуршедӣ истифода мекунад.

Корхонаи “Баракаҳ” дар 280 километрии Дубай дар минтақаи Алдафро қарор дорад.

Ширкати неруи барқи Кореяи Ҷанубӣ паймонкори асосии тарҳи Истгоҳи ҳастаии “Баракаҳ” мебошад.

Дар ҳоли ҳозир ҳудуди 94 дар сади корҳо анҷом ёфтаанд ва блокҳои 1-ум ва 2-ум омодаи баҳрабардорӣ ҳастанд.

Раҳбари СҶТ даъват кард, ки ба пандемияи “давомдор” омода бояд шуд

Пизишке дар Мехико

Тедрос Гебрейесус, раҳбари Созмони Ҷаҳонии тандурустӣ гуфтааст, ки пандемияи коронавирус эҳтимолан хусусияти «давомдор» касб кунад ва таъсири он даҳсолаҳо эҳсос шавад.

Кумитаи зудамали СҶТ рӯзи 1-уми август вазъиятро дар шаш моҳи гузашта, пас аз он, ки коронавирус аз марзҳои Чин дар тамоми ҷаҳон паҳн шуд, баррасӣ кард.

Сирояти коронавирус ба сокинони дигар кишварҳои ҷаҳон охири моҳи январ ба вуҷуд омад.

Бархе коршиносон ва сиёсатмадорон, аз ҷумла Доналд Трамп, президенти Амрико СҶТ-ро барои хунукназарӣ дар амри ҷилавгирӣ ва огоҳ кардани кишварҳо аз хатари ҷиддии коронавирус гунаҳкор медонанд.

Раҳбари СҶТ рӯзи 1-уми август гуфт, ки вазъияти фавқулодаро замоне эълон карданд, ки ҳанӯз берун аз Чин касе аз коронавирус нафавтида буд.

Ҳоло бар асоси ҳисобҳои Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар саросари дунё аз ин беморӣ 680 ҳазор нафар фавтидааст ва теъдоди гирифторон ба 18 миллион наздик шудааст.

Пандемия аввали моҳи март замоне эълон шуд, ки коронавирус дар Аврупо босуръат паҳн шуд.

Боздошти ҳудуди 70 эътирозгар дар Русия

Дар Тотористони Русия низ эътирозгаронро боздошт кардаанд

Дар шаҳрҳои мухталифи Русия рӯзи 1-уми август ҳудуди 70 нафар эътирозгарро боздошт карданд.

Онҳо бо пуштибонӣ аз сокинони вилояти Хабаровск, ки наздики як моҳ боз барои раҳоии Сергей Фургал, губернатори ин вилоят эътироз мекунанд, ба кӯчаҳо баромада буданд.

Ҳамоиши эътирозӣ дар 20 шаҳри Русия баргузор шуд.

Онҳо аз ҳукуматдорон норизоӣ карданд. Ин ҳамоишро расман иҷозат надода буданд. Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки барои "кабутаронро дон додан" ба майдони марказии шаҳр рафтанд.

Наздики як моҳ боз дар Хабаровск сокинон эътироз мекунанд.

9-уми июл мақомоти интизомии Русия раиси минтақаи Хабаровск Сергей Фургалро боздошт карданд. Баъди чанде Кумитаи тафтишоти Русия хабар дод, ки Фургал ба ташкили як қатор кушторҳои фармоишӣ дар минтақаҳои Хабаровску Амурск дар солҳои 2004-2005 гумонбар аст. Феълан маълум нест, ки мавқеи худи Фургал ба ин қазия чист.

Даҳҳо ҳазор нафар ба нишони эътироз аз боздошти губернатори кишвари Хабаровск чанд ҳафта боз раҳпаймоӣ мекунанд.

Мақомоти Афғонистон аз кушта шудани як раҳбари ДОИШ хабар доданд

Асадуллоҳ Оракзай, мақоми баландпояи ДОИШ дар Афғонистон

Мақомоти иктишофии Афғонистон хабар доданд, ки рӯзи 1-уми август як раҳбари гуруҳи ДОИШ-ро дар ин кишвар куштанд. Ба гуфтаи онҳо, Асадуллоҳ Оракзай, нафаре, ки дар куштори даҳҳо низомӣ ва ғайринизомӣ даст дошт, дар наздикии шаҳри Ҷалолобод кушта шуд.

Кушта шудани як раҳбари ДОИШ дар ҳолест, ки миёни гуруҳи Толибон ва давлати Афғонистон барои таҷлили Иди Қурбон оташбаси се рӯза эълон шуда буд.

Дар Афғонистон солҳо боз миёни давлат ва гуруҳи Толибон, ки онро мухолифон низ меноманд, ҷанг идома дорад. Гуруҳи ДОИШ ҳам бо Толибон ва ҳам бо неруҳои давлати Афғонистон мушкил дорад.

Пештар, Созмони милали муттаҳид аз фаъол шудани гуруҳи “Давлати исломӣ” дар Афғонистон гузориш дода буд.

Ин гурӯҳ соли 2014 дар ҳудуди Ироқ ва Сурия қаламраверо зери назар даровард ва “Хилофат” эълон кард.

Пас аз шикаст дар Сурия ва Ироқ ин гуруҳ бештар дар Афғонистон фаъол шудааст.

Лукашенко мегӯяд, гуруҳи боздоштшуда "ҳадафи дигар"  дошт

Александр Лукашенко, президенти Белорус бо раҳбари КГБ ва раҳбари Кумитаи тафтишотии кишвараш

Александр Лукашенко, президенти Белорус гуфтааст, ки кишвараш омодаи ҳамкорӣ бо Русия дар робита ба боздошти 33 шаҳрванди ин кишвар аст. Дар ин бора хабаргузории русии ТАСС хабар додааст.

Ҳафтаи гузашта дар Белорус 33 шаҳрванди Русияро боздошт карданд, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, онҳо дар остонаи интихоботи президентӣ ҳадафи тахрибкорӣ доштанд. 9-уми август дар Белорусия бояд интихоботи президентӣ баргузор шавад.

Хабаргузории белорусии БЕЛТА навиштааст, ки Александр Лукашенко ҳисоботи раҳбари КГБ ва Кумитаи тафтишотро дар бораи боздошти 33 нафар шунидааст.

Лукашенко бисёре аз далелҳои парвандаро "ҷолиб" хондааст. Ба гуфтаи тафтишот, бештари боздоштшудаҳо гуфтаанд, ки гуё ба Туркия сафар доштанд.

Лукашенко ин далелро беасос хонда гуфтааст, боздоштшудаҳо "ҳадафҳои дигар" доштанд. Ба гуфтаи ӯ, тафтишот ҳадафҳои онҳоро дақиқ хоҳад кард.

Мақомоти Русия ҳанӯз ба ин гуфтаи Лукашенко вокуниш накардаанд.

Александр Агафонов, раҳбари гуруҳи тафтишотӣ ба хабаргузории БЕЛТА гуфтааст, ки бо 33 нафари боздоштшуда сӯҳбат кардаанд.

11 нафар гуфтаанд, ки мақсад доштанд, аз тариқи Белорус ба Венесуэла, 15 нафар ба Туркия, ду нафар ба Куба ва як нафар ба Сурия раванд. Як нафар ба куҷо рафтанашро гуфта натавонистааст.

Се нафари дигар аз додани нишондод худдорӣ кардаанд.

Мақомот мегӯянд, аксари боздоштшудаҳо дар даст билети парвоз ба самти Туркияро доштанд, вале дар амал чунин ният надоштанд.

Мақомоти Белорус ишора мекунанд, ки Русия ҷангиёни ширкати хусусии "Вагнер"-ро барои харобкорӣ ба Белорус фиристодааст. Ҳанӯз Русия ба ин вокуниш накардааст.

Ширкати ҷангиёни "Вагнер" дар ҷангҳои Сурия ва Либия тасдиқ шудааст.

Александр Лукашенко, ки аз соли 1994 раҳбар Белорус аст, боз мехоҳад дар интихобот иштирок кунад.

Аз шумораи сокинон то хонаву дин. Барӯйхатгирии аҳолӣ дар Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Дар остонаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон барӯйхатгирии аҳолӣ баргузор хоҳад шуд. Ҳокимбек Накҳатзода, сардори намояндагии Оҷонси омор дар вилояти Суғд, охири ҳафтаи гузашта гуфт, ин маърака аз 1 то 15-уми октябри имсол сурат мегирад. Дар он рӯзҳо кормандони Оҷонси омор якҷо бо намояндагони ниҳодҳои дигар аҳолӣ ва манзилҳоро ба рӯйхат мегиранд. Бори аввал ба суолнома пайравии сокинон аз дин ҳам дохил карда шудааст. Чизе, ки дар пурсишномаҳои пешин набуд. Ҳокимбек Накҳатзода мегӯяд, дар қадами аввал манзили сокинони деҳаҳои калонро дар вилояти Суғд рақамгузорӣ кардаанд. Ин гуна шумориш дар Тоҷикистон маъмулан дар 10 сол як бор ҷараён мегирад. Ба ҷуз ин Оҷонси омор ҳар сол аҳолии кишварро мешуморад ва бино ба иттилои ин ниҳод дар моҳи январи имсол шумораи аҳолии Тоҷикистон беш аз 9 миллиону 300 ҳазор будааст.

Теъдоди беморони COVID-19 дар Тоҷикистон ба 7451 расид, омори талафот бетағйир аст

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар як ҳафтаи ахир фавти беморони коронавируси навро сабт накардааст. Ба иттилои расмӣ аз замони эътирофи расмии пандемия дар Тоҷикистон 60 кас аз COVID-19 даргузаштаанд. Дар феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимолии COVID-19 ва илтиҳоби шуш то 22-юми июл номи беш аз 440 нафарро дарҷ кардаанд. Аммо шумори гирифторони бемории ҳамагир дар Тоҷикистон ҳар рӯз дар ҳоли тағйир аст. Вазорати тандурустӣ рӯзи 1-уми август гуфт, дар як шабонарӯзи гузашта бемории 42 каси дигарро тасдиқ карданд ва омори умумии беморон ба 7451 нафар расид. Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторон зиёд бошад. То кунун, ба қавли мақомот, 6233 нафар ё 83,6 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Мақомот мегӯянд, ҳоло вазъи вобаста ба коронавирус дар кишвар муътадил аст ва дар 85 бемористон зиёда аз 7500 пизишк ва 25 ҳазор корманди миёнаи тиб барои муқобила бо вируси нав омодаанд.

ТАСС: Эҳтимол Русия аз 11 август парвозҳои байнулмилалиро пурра барқарор кунад

Мақомоти Русия имкони оғози парвозҳои маъмулиро аз 11-уми август ба тамоми кишварҳо баррасӣ доранд, аммо ҳанӯз тасмими ниҳоӣ гирифта нашудааст. Дар ин бора хабаргузории ТАСС рӯзи 1-уми август бо такя ба ду манбааш дар ниҳодҳои Русия хабар додааст.

Мавзӯи барқарор шудани парвозҳо дар ҷаласае бо иштироки муовини нахуствазири Русия Татяна Голикова баррасӣ шудааст. Аз якуми август Русия парвозҳои мустақими байнулмилалиро бо Туркия, Танзания ва Бритониё барқарор кард. Ҳамчунин марзи ин кишвар бо Абхазистон кушода шуд.

Чанд рӯз пеш Денис Микерин, корманди дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Русия дар мусоҳибае ба радиои "Комсомолькая правда" гуфт, Русия рӯзҳои наздик номгӯйи кишварҳоеро, ки бо онҳо парвозҳои мунтазами ҳавопаймоӣ барқарор карданист, эълон хоҳад кард. Ҳамчунин ситоди фаврӣ оид ба пешгирӣ аз коронавирус чанде пеш эълон кард, ки ҳоло масъалаи васеъ кардани феҳрасти кишварҳое дар баррасӣ аст, ки иҷозаи парвоз бо Русияро ба даст меоранд.

Русия дар пайи пандемияи коронавирус дар охирҳои моҳи март парвозҳои маъмулии ҳавопаймҳоро қатъ кард. Қатъ шудани парвози ҳавопаймоҳо миёни Тоҷикистону Русия буҳрони бесобиқаи нақлиётиро ба вуҷуд овард. Садҳо муҳоҷири кории тоҷик дар Русия дармонданд.

Тоҷикистон барои бозгардонии шаҳрвандон парвозҳои чартерӣ ё ғайринақшавӣ ташкил кард, аммо он барои ҳама хоҳишмандон кофӣ нест.

Ҳоло даҳҳо нафар дар интизори оғози парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Русия ҳастанд. Ҳамарӯза даҳҳо нафар бо ин суол ба Радиои Озодӣ ҳам муроҷиат мекунанд.

Раҳбари идораи авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода, рӯзи 27-уми июл дар нишасти хабарии ин ниҳод гуфт, "Росавиатсия" ба Душанбе аз омодагии худ барои оғози парвозҳои байналмиллалӣ миёни ин ду кишвар хабар додааст. "Мо ҳам омодагии худро барои барқарор кардани парвозҳо иброз доштем ва таъкид кардем, ки ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон бо риояи тамоми қоидаҳои беҳдорӣ парвозҳоро анҷом хоҳанд дод", -- афзуд Субҳонзода.

Эрон мегӯяд, раҳбари як гурӯҳи мухолифро боздошт кардааст

Ҷамшед Шармаҳд

Вазорати иттилооти Эрон рӯзи 1-уми август гуфт, ки раҳбари як гуруҳи мухолифи мустақар дар Амрикоро дастгир кардааст. Ҷамшед Шармаҳд, масъули гуруҳи "Тундар", як шохаи Анҷумани подшоҳии Эрон дар Калифорния, ба даст доштан дар ҳамла ба масҷиди Шероз муттаҳам аст. Дар ин ҳамла дар соли 2008-ум 14 нафар кушта ва беш аз 200 кас маҷруҳ шуданд. Мақомоти Эрон гуфтанд, ин гуруҳ ба тарҳрезии ҳамлаҳои номушаххаси дигар гумонбар аст. Телевизиони давлатии Эрон дар гузориши худ нагуфт, ки Шармаҳд кай ва дар куҷо дастгир шудааст, аммо Вазорати иттилоот мегӯяд, ӯро дар пайи "амалиёти печида" боздошт карданд. Анҷумани подшоҳии Эрон дар пайи сарнагунии Ҷумҳурии Исломӣ аст.

Сулаймон Лоиқ дар 90-солагӣ дар Олмон даргузашт

Сулаймон Лоиқ

Сулаймон Лоиқ, шоири номвар ва сиёсатмадори Афғонистон, рӯзи 31-уми июл дар яке аз бемористонҳои Олмон даргузашт. Ӯ 90-сола буд.

Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар паёми таслияташ гуфтааст, "ӯ барои ғанӣ кардани фарҳанги Афғонистон корҳои муҳим анҷом дод ва дар шаш даҳаи ахир ҳамчун як фаъоли маданиву сиёсӣ нақши муассир дошт".

Номи аслии ӯ Ғулом Муҷаддад аст ва дар маркази вилояти Пактико ба дунё омадааст. Дар охири солҳои 70-ум вазири радиову телевизион буд ва сипас дар оғози солҳои 80-ум ҳамчун вазири сарҳадот ва ақвом кор кардааст. Як муддат раиси Академияи улуми Афғонистон низ буд.

Ӯ бо шоирони тоҷик ҳамкорӣ дошт ва бори охир соли 2015 ба Душанбе омада буд.

"Кӯҳи чашмаҳо", "Хаймаи сиёҳи кӯчиён", "Ёдҳо ва хирманҳо", "Замона ва афсона" ва "Бодбон" аз маҷмӯаҳои ашъори ӯ бо забони паштуву дарист.

Дар назар аст, ҷанозаи Сулаймон Лоиқ дар Афғонистон ба хок супурда шавад, аммо таърихи дафни ӯ то ҳол эълон нашудааст.

Амрико ба зидди як созмон ва ду мақоми Чин таҳримҳои нав ҷорӣ кард

Парчамҳои Амрико ва Чин

Иёлоти Муттаҳида ду мақоми ҳозира ва пешини Чинро ба поймол кардани ҷиддии ҳуқуқи башари мусулмонони уйғур муттаҳам кард ва ба зидди онҳо таҳрим ҷорӣ кард. Вазорати молияи Амрико рӯзи 31-уми июл гуфт, таҳрим муассисаи тавлид ва сохтмони Шинҷонро ҳам фаро гирифт, ки як созмони ниманизомии тобеи Ҳизби Коммунисти Чин аст.

Бо ин иқдом Вашингтон тамоми сармояи ин муассиса ва ду мақоми чиниро дар Амрико баста, тиҷорати ширкатҳои амрикоиро бо онҳоро манъ мекунад.

Стивен Мнучин, вазири молияи Амрико, дар як эъломия гуфт, Амрико мутааҳҳид аст, ки поймолкунандагони ҳуқуқи башарро дар Шинҷон ва саросари ҷаҳон ба ҷавобгӯйӣ бикашонад.

Эълони таҳримҳои нав ба зидди мақомҳои Чин дар ҳоле сурат мегирад, ки равобити байни Амрико ва Чин "муташанниҷ” аст. Амрико мехоҳад, дар робита бо поймол шудани ҳуқуқи башар дар Шинҷон фишорҳоро ба Чин бештар кунад. Пекин муттаҳам аст, ки беш аз як миллион уйғур ва гуруҳҳои дигарро, ки аксари онҳо мусулмон ҳастанд, аз соли 2017 ба ин сӯ дар урдугоҳҳои монанд ба зиндон ҷой додааст.

Чин иддао мекунад, ки ин урдугоҳҳо марказҳои таълиму бозтарбия мебошанд ва барои мубориза бо ҷудоиталабӣ ва терроризму ифротгароӣ ташкил шудаанд.

Усмонов ба табибони Узбекистон даҳ миллион доллар ҷоиза медиҳад

Алишер Усмонов

Миллиардери машҳури узбектабор Алишер Усмонов барои пизишкони Узбекистон даҳ миллион доллар ҷоиза тақдим мекунад. Дар ин бора бахши узбекии Радиои Озодӣ бо такя ба оҷонси давлатии UZA.uz. хабар дод.

Бино ба ин гузориш, аз буҷаи давлатии Узбекистон ҳам 10 миллиони дигар ҳамчун мукофотпулӣ ба духтурон ҷудо шудааст. Пизишкон ва кормандони дигари соҳаи тиб, ки то якуми июн дар муассисаҳои тандурустии Узбекистон ба кор қабул шудаанд ва барои муолиҷаи гирифторони коронавирус талош кардаанд, аз 400 то 500 доллар ҷоизаи якдафъаина мегиранд.

Қаблан пизишкони Узбекистон аз он шикоят мекарданд, ки то ҳанӯз мукофотпулии ваъдагии ҳукуматро нагирифтаанд.

Тибқи иттилои расмӣ, аз оғози пандемияи коронавирус дар Узбекистон 22 ҳазор нафар ба COVID-19 мубтало шуда, 130 нафар фавтидаанд. Вале бино ба омори ғайрирасмӣ шумори қурбониёну гирифторони коронавирус аз ин бештар аст. Моҳи июл ҳукумати ин кишвар ба далели афзоиши беморон дигарбора маҳдудият ҷорӣ кард.

Алишер Усмонов, ки дар ноҳияи Чӯйи вилояти Намангони Узбекистон ба дунё омадааст, яке аз шахсони сарватмандтарин дар Русия ва Бритониё шумурда мешавад. Маҷаллаи Forbes дороии ӯро 13,4 миллиард доллар арзёбӣ карда буд.

Усмонов пештар низ ба хонаводаҳои осебдида дар натиҷаи рахна шудани садди обанбори Сардобаи Узбекистон беш аз 15 миллион доллар кумак карда буд. Моҳи июни имсол Бунёди ӯ ба беш аз 300 ҳазор хонаводаи камбизоат дар Узбекистон кумак расонд.

Дар оғози соли 2018 Вазорати молияи Амрико нисбат ба миллиардери узбектабор таҳрими иқтисоди ҷорӣ кард. Ӯро яке аз олигарҳои бонуфузу таъсиргузор ва хеле наздик ба Кремл медонанд.

Додгоҳи таҷдиди назар ҳукми қатли Ҷавҳар Тсарнаевро бекор кард

Ҷавҳар Тсарнаев

Додгоҳи таҷдиди назар дар Амрико ҳукми эъдоми Ҷавҳар Тсарнаев, як амрикоии чечениаслро бекор кард. Ҷавҳар Тсарнаеви 27-сола ҳафт сол пеш барои кумак ба бомбгузорӣ дар хатти поёнии марафон ё мусобиқаи дави Бостон ба қатл маҳкум шуд. Таркиш дар марафони соли 2013 се нафарро кушт ва зиёда аз 260 нафарро захмӣ кард. Темирлан Тсарнаев, бародари Ҷавҳар Тсарнаев, баъд аз ду рӯзи ҳодиса дар бархӯрд бо пулис кушта шуд. Додгоҳи таҷдиди назари федерол рӯзи 31-уми июл бо ҳукми се додрас аксар ҷазоҳои таъйиншударо нисбат ба ӯ тасдиқ кард, аммо гуфт, барои ҳукме, ки муҷозоти он эъдом эълон шуда буд, бояд додгоҳи нав баргузор шавад.

"Тик-Ток"-ро дар ҳудуди Амрико масдуд мекунанд

Акс аз бойгонӣ

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, гуфт, барномаи "Тик-Ток"-ро, мумкин аст, аз 1-уми август дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида масдуд кунанд. Як ширкати чинӣ молики ин замима ё аплекейшни телефонҳои ҳамроҳ аст. "Тик-Ток" бештар ба хотири таҳияву тамошои видеоҳои кӯтоҳ миёни ҷавонон машҳур аст. Ин аплекейшн дар саросари ҷаҳон тақрибан як миллиард корбар дорад. Ҳукумати Амрико ҳафтаи гузашта ин замимаи телефонҳои ҳамроҳро таҳти арзёбии расмии Кумитаи сармоягузориҳои хориҷӣ қарор дод. Ҳукумати Чин дар вокуниш Вашингтонро ба табъиз муттаҳам кард. Ширкати "Тик-Ток" таъкид кардааст, ки маълумоти корбаронро ба мақомоти Пекин намедиҳад.

"Барқи Тоҷик" мегӯяд, ҳанӯз дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ нашудааст

Бинои ширкати "Барқи Тоҷик" дар шаҳри Душанбе

Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, ҳанӯз дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ расман ҷорӣ нашудааст. Мақомот бовар доранд, ки сатҳи об дар рӯдхонаву обанборҳо дубора боло меравад ва, мумкин аст, зарурате ба ҷорӣ кардани "лимит" намонад.

Қаблан ҳукумати Тоҷикистон дар муроҷиате ба мардум гуфта буд, ба сабаби шадидан кам шудани оби обанбори Норак маҷбур шудааст, дар фасли гармо маҳдудият ҷорӣ кунад, то дар тирамоҳу зимистон мушкил пеш наояд. Бархе аз сокинон ҳукуматро танқид кардаанд, ки дар 28 соли ахир натавонистааст мушкили бебарқиро пурра ҳал кунад.

Ҳарчанд аз соли 2017 лимити барқ расман бекор шудааст, сари чанд вақт сокинон аз қатъи интиқоли барқ ба хонаҳояшон шикоят мекунанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи Тоҷик", рӯзи 31-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз замони нашри муроҷиати ҳукумат се рӯз мегузарад, вале ҳеч лимит ҷорӣ нашудааст. Маҷрои об беҳбуд ёфта, мумкин зарурате ба ҷорӣ кардани маҳдудият намонад."

Ин дар ҳолест, ки корбаре бо номи Бобоҷон дар сомонаи Радиои Озодӣ навишт, "дар ноҳияи Деваштич қариб як моҳ боз лимит ҷорист. Телефонҳои боварии "Барқи Тоҷик" ҷавоб намедиҳанд. Дар тобистон кам шудани об баҳонае беш нест. Шояд дар таги коса нимкосае бошад?"

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аллакай қарордодҳои содироти барқро ба Афғонистону Узбекистон тағйир дода, интиқоли барқ ба ду кишвари ҳамсояро ба таври чашмрас коҳиш доданд. Ба иттилои ширкати "Брешно"-и Афғонистон агар пештар Тоҷикистон ба Кобул 450 мегават барқ медод, ҳоло онро то 40 мегават поин овардааст.

Ҷониби Тоҷикистон сабаби чунин тасмими худро ба кам шудани оби дарёҳои Панҷу Вахш ва дастикам то 17 метр поин омадани сатҳи об дар обанбори Норак рабт додааст.

"Агар чунин вазъ идома ёбад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд", -- гуфта шудааст дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон ба мардум.

Як корбари дигар дар зери муроҷиатномаи ҳукумат ба мардум дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст: "Чаро гузоштед, ки сатҳи об 17 метр кам шавад? Мутахассисону мутасаддиён ба куҷо нигоҳ карданд? Бо ин коратон зарари расондаатонро ҳисоб кунед! Ҳоло чандин корхонаву муассисаҳое, ки каму беш кор мекарданд, бо баҳонаи бебарқӣ истеҳсолотро паст ё қатъ мекунанд."

Соли 2017 мақомоти Тоҷикистон расман лимити барқро бекор карданд. Баъди ба кор даромадани ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ва фаъол шудани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе умеди сокинон ба дарёфти барқи бештар ва муназзам зиёд шуд, аммо ҳар дафъа қатъи нерӯи барқ бо баҳонаҳои "таъмир" ва "камии об" шикояти сокинонро ба вуҷуд меорад.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG