Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарнавишти ЕКСИМ банки Амрико дар дасти Сенат


Тарафдорони фаъолияти Бонки содиротӣ ва воридии Амрико мегӯянд, мумкин аст, ки дар Сенат ба қадри кофӣ раъй ба даст оварда ва имкон бидиҳанд, ки ЕКСИМ банк ба кораш бидиҳад. Дар ин бора Митч Макконел, раҳбари ҷиноҳи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар гуфтӯгу бо хабаргузории “Ассосиейтед Пресс” хабар додааст. Митч Макконел гуфтааст, умедвор аст, ки бо қабули як санад имкон медиҳанд, Бонки содиротӣ ва воридотии Амрико қарздиҳиро идома бидиҳад. Шоми 30-уми июн мӯҳлати фаъолияти бонки мазкур, ки 81 сол пеш таъсис шуд, ба поён мерасад. ЕКСИМ бонкро дар замони рукуди иқтисодии Иёлоти Муттаҳида дар солҳои 30-уми асри гузашта таъсис доданд ва бонк ба онҳое дар хориҷа қарз медод, ки маҳсулоти амрикоиро мехаранд. Аз ҳисоби ин бонк муштариёни хориҷӣ дар Авруосиё аз ҷумла аз ширкатҳои Боинг ва Катепиллар ҳавопаймову мошинҳои сохтмонӣ ва дигар манораҳои нафтакаш ва дигар таҷҳизоти амрикоӣ харидаанд. Вале солҳои ахир вакилони муҳофизакор аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ бонкро як василае барои рушди “капитализми хешутаборӣ” ва сарватҷамъкунӣ номида ва хостори қатъи фаъолияти он шуданд.

XS
SM
MD
LG